РАҚАМИКУНОНИИ СОҲА МАОРИФ

ТАҶРИБАИ ТОҶИКИСТОН

Раванди рақамикунонии соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳот ва рушди он буда, таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмону ташкилотҳои байналмилаливу минтақавии соҳавӣ ба суръат бахшидан ба ин раванд мушоҳида мешавад. Таҷрибаи давраи паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус аҳамият ва зарарурати рақамисозии ин соҳаи ҳаётан мумҳимро дигарбора инъикос намуд.

Дар ин замина, айни ҳол лоиҳаи “Омӯзиши фосилавӣ барои беҳтар намудани сифат ва дастрасӣ ба таҳсилот дар Тоҷикистон, Муғулистон ва Қирғизистон”  амал намуда, онро “Шарикии глобалӣ оид ба табодули дониш ва инноватсия дар соҳаи маориф” (GPE KIX) роҳандозӣ намуда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии “Аноҳито” амалӣ менамояд. Яке аз вазифаҳои асосии татбиқкунандагони ин лоиҳа – омӯхтани таҷрибаи дигар кишварҳо ва пешниҳоди таҷрибаи Тоҷикистон, инчунин омӯзиши имкониятҳои татбиқи онҳо мебошад.

Фаъолияти ин ташкилоти ҷамъиятӣ барои татбиқи босамари лоиҳа аз аввали соли равон пурзӯр гардида, аз ҷумла 12 январи соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини аввали вазир, сардорони раёсат ва шуъбаҳои дахлдор, роҳбарони сохторҳои тобеи вазорат, директорони гимназияву литсейҳои шаҳри Душанбе, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии “Маориф ва иқтисод” ва “Аноҳито” ва намояндагони АВО (Ассотсиатсияи волидону омӯзгорон) мизи мудаввар ҷиҳати баррасии корҳои анҷомёфта ва нақшаву лоиҳаҳо дар самти рақамикунонии таҳсилот ва низоми идораи соҳаи маориф ва илм доир гашт. Дар кори мизи мудаввар, инчунин, шарикон аз ҷумҳуриҳои Муғулистон ва Қирғизистон тариқи маҷозӣ ширкат варзиданд. Дар ин чорабинӣ муовини аввали вазир амалисозии лоиҳаи мазкурро боз як қадами дигар дар самти рақамикунонии низоми идораи маориф ва илм унвон намуда, ҳозирин вазъи амалисозии лоиҳиҳро дар ин самт баррасӣ карданд.

Дар рафти ин чорабинӣ, аз ҷумла Шавкат Каримзода – директори Маркази таҳлилӣ – иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар бораи татбиқи барномаи E-donish ва се марҳилаи барномаи компютерикунонии мактабҳо маълумот дод ва зарурати таҷдиди барномаҳои компютериро аз мушкилотҳои ҳалталаб хонд. Дар анҷом, баъд аз сурат гирифтани пурсишу посухҳо ва ибрози назар аз ҷониби волидон, Ҷилдиз Доолбекова — ҳамоҳангсози барномаҳои ташкилоти ҷамъиятии “Таалим-Форум” ва доктори илмҳои педагогӣ, профессор Уланбек Мамбетакунов – муовини президенти Академияи таҳсилоти Қирғизистон таассуроти худро дар бораи имкониятҳои фароҳамовардаи барномаи E-donish ва таҷрибаи Тоҷикистон иброз дошта, муҳиммияти табодули таҷрибаи Тоҷикистон ва Қирғизистонро ёдовар гаштанд.

Чуноне қаблан қайд гардид, яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳаи мазкур омӯзиш ва мубодилаи кишварҳо дар самти рақамикунонии соҳаи маориф мебошад. Аз ин лиҳоз, бояд гуфт, ки дар самти рақамикунонии соҳаи маориф айни ҳол Тоҷикистонро шаш барнома ва платформаҳои махсуси соҳавӣ муаррифӣ мекунанд:

  1. СИИМ – системаи иттилоотии идоракунии маориф. Кори системаи мазкур тариқи офлайн сурат гирифта, масъулин  онро хуб арзёбӣ карда, аз мавҷудияти як қатор мушкилот ва роҳҳои ҳалли он гуфтанд. СИИМ системае мебошад, ки тамоми маълумотҳои омории соҳа дар он ворид ва коркард мешаванд.
  2. E-donish. Барномаи E-donish айни замон танҳо дар баархе аз мактабҳои пойтахт фаъол буда, робитаи мактаб ва волидайнро мустаҳкам намуда, он дар шакли замимаи мобилӣ барои волидон, омӯзгорон ва хонандагон дастрас мебошад. Барномаи мазкур журнали синфӣ ва рӯзномаи хонандагонро ҷойгузин буда, дар он, инчунин, иҷроиши вазифаҳои хонагӣ ва давомот дарҷ карда мешавад. Рейтинги мактабҳо, омӯзгорон ва хонандагон аз рӯи баҳоҳои гузошташуда ба таври худкор муайян шуда, барнома имкониятҳои васеъро барои табодули таҷриба байни омӯзгорон таъмин менамояд. Барнома дар Play-market ва App-store дастрас аст. Волидон зимни бақайдигирӣ дар барнома рақами телефони худро нишон медиҳанд ва ба таври худкор синф, мактаб, саҳифаи фарзанд(он)-и онҳо муайян карда мешавад. Рейтинги ҳар як хонанда дар синф, мактаб ва байни ҳамсолон дар шаҳри Душанбе аз рӯи баҳо ва давомот муайян мегардад. Баҳои ҷамъбастии рейтинг, нимсола ва солона аз рӯи баҳои миёна ба омӯзгорон пешниҳод карда мешавад, ки хусусияти тавсиявӣ дорад. Соли гузашта барои кӯдакони ношунаво бо забони имову ишора 75 филми тасвирӣ баргардон шуда, дар барнома ворид карда шуданд. Ин барнома дар 50 мактаби шаҳр пайваст аст ва марказ тасмим гирифтааст, ки давоми соли 2022 боз 70 мактаби дигарро пайваст намояд. Қобили қайд аст, ки барномаи мазкур баъди омӯзиши тавсияву пешниҳодҳои истифодабарандагон бознигарӣ шуда, ба он чанд амали нав ворид намуданд. Аз ҷумла, акнун зимни даромадан ва баромадан аз мактаб тариқи назорати фейс-айди ному насаби хонандагон ба таври худкор муайян шуда, паёмак дар ин маврид (махсусан, дар вақти дарсӣ аз мактаб берун шудани хонандагон) ба падару модар фиристода мешавад.
  3. Палатформаи таълимии рақамӣ “Сандуқчаи Зулбиё” (www.tomaktabi.tj).  Ин платформаи рақамии таълимӣ барои таҳсилоти томактабӣ таҳия шудааст, ки барои мураббиён ва падару модарони кӯдакони то синни 6-сола маводи босифатро дастрас менамояд. “Сандуқчаи Зулбиё” ҳамчун платформа барои рафъи холигӣ дар соҳаи маориф як ҳалли наве пешниҳод намуда, омӯзиши босифат ва тағйирёбандаро дастгирӣ менамояд. “Сандуқчаи Зулбиё” натиҷаи ҳамкориҳои ЮНИСЕФ, Майкрософт, Донишгоҳи Кембриҷ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мушкилот ва маҳдудиятҳои дастрасии беш аз 1,5 миллион кӯдакони синни то 6-сола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсилоти доимии босифат ва фарогирии ками кӯдакон дар саросари кишварро ҳал менамояд.
  4. Китобхонаи электронии www.marifat.tj. Ҳадафи ин лоиҳа фароҳам овардани дастрасии осон ва кор бо нусхаҳои рақамии захираҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва муҳтавои мултимедиявӣ, аз қабили аудио ва видео мебошад. Китобхонаи мазкур ба эҳтиёҷоти таълим ва омӯзиш ҷавобгӯ буда, мушкилоти рушди бардавомро муайян менамояд. Он барои омӯзгорон ва хонандагон имкон хоҳад дод, ки захираҳои иттилоотӣ ва воситаҳоеро истифода баранд, ки муқарраран аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва консептуалӣ дастнорас набуданд.
  5. “Мактаб Мобайл” (www.maktabmobile.tj). Ин барнома барои омӯзгорон, волидайн ва хонандагон пешбинӣ шудааст.
  6. “Омӯзгор Мобайл” (www.omuzgormobile.tj) барои омӯзгорон муаррифӣ гардид, ки онҳо барои кору фаъолияти омӯзгорон, имкониятҳои дастрас барои хонандагон ва огоҳии волидон аз таҳсили фарзандон пешбинӣ гардидааст.  

Барнома ва платформаҳои мазкур натиҷаи омӯзиши таҷриба ва корҳои анҷомшуда дар се соли охир буда, дар татбиқ намудани онҳо саҳми шарикони рушд зиёд аст. Бо ин ҳисоб, корҳои дар ин самт анҷомёфта таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар минтақа дар самти рақамикунонии таҳсилот (махсусан, таҳсилоти умумӣ) нишон дода,  ҳамкории васеъ ва густурдаи якҷояи шарикони рушд ва сохторҳои давлатиро иникос менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *