ДАВРИ МАТЕМАТИКИИ (MАTH -TOUR) ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ISI JUNIOR-2022»

Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқат» даври математикии (mаth-tour) Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои информатсионӣ баргузор гардид. Маврид ба зикр аст, ки Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои информатсионӣ аз чор давр иборат мебошад;- даври математикӣ (mаth-tour) — даври кодерӣ (koder-tour) — даври марафонӣ (marathon-tour)- даври эстафетаЁдовар мешавем, ки Олимпиадаи байналилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои информатсионӣ рӯзҳои 1 то 7 июли соли 2022 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” баргузор карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *