БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН!ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ISI JUNIOR-2022» ОИД БА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИНФОРМАТСИОНӢ ОҒОЗ ГАРДИД

2-юми июли соли ҷорӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқат»-и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳии Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои информатсионӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Мактаби байналмилалии информатикони ҷавон, сохторҳои дахлдори шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва иштирокчиёни олимпиада ширкат намуданд.Нахуст, баъд аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода паёми шодбошии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба муносибати ифтитоҳи Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои информатсионӣ дар шаҳри Душанбе ироа намуда, қайд кард, ки олимпиадаи байналилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои информатсионӣ ҳамоиши илмиву таҷрибавии маъруф ва озмудашудаи кӯдакону наврасони соҳибистеъдод ба шумор рафта, он бори аввал бо ташаббуси Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 9 июни соли 2022, №289 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор мегардад.Сипас, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода зикр кард, ки дар самти дарёфти истеъдодҳои нав дар ҷумҳурӣ пайваста тадбирҳои судманд андешида шуда, ҳамзамон иштироки хонандагон дар ҳаракати олимпӣ ва санҷиши дониш тавассути олимпиадаҳои фаннӣ дар ташаккули қобилият, донишу маҳорати хонандагони болаёқат нақши арзанда дорад.Дар идома, инчунин, Саъдӣ Самадзода-директори КВД “Шаҳри ҳушманд”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Владимир Кирюхин-президенти Мактаби байналмилалии информатикони ҷавон суханронӣ намуданд.Таъкид карда шуд, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 — 2040 дар кишвари мо «Бистолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» мунтазам чораҳои мушаххасро роҳандозӣ намуда, баргузории Олимпиадаи байналилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои информатсионӣ дар шаҳри Душанбе низ идомаи мантиқии татбиқи ин иқдомот арзёбӣ мегардад.Қайд кардан ба маврид аст, ки баргузории Олимпиадаи байналилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои информатсионӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби дигар кишварҳо ҳамовозии амиқ пайдо намуда, дар он дар 27 дастаи олимпии наврасон 158 нафар хонанда ва 28 мураббӣ аз давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Белорусия, Афғонистон, Туркманистон ва Федератсияи Россия иштирок менамоянд.Ҳамзамон, наврасони кишварҳои Озарбойҷон, Муғулистон, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Хитой, Сурия ва Куба дар 20 даста, ки 134 нафарро ташкил медиҳанд, ба тариқи фосилавӣ дар кори он ширкат хоҳанд варзид.Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи байналилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияхои информатсионӣ рӯзҳои 1 то 7 июли соли 2022 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” баргузор мегардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *