БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРИИ ОДИЛЗОДА ДИЛБАР РАҲИМ- МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО МАСЪУЛИНИ СОҲАИ МАОРИФИ ПОЙТАХТ

20 июли соли 2022 дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Солеҳов Фатҳуддин, мудири шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадуллозода Нурмуҳаммад, муовинони раисони ноҳияҳои И.Сомонӣ Шарифзода Дилбар, Сино Каримова Ашурбӣ, Фирдавсӣ Шукурова Саодат, Шоҳмансур Ҷабборӣ Абдусаттор, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод, кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва миёнаи умумии новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ҷаласаи кории Одилзода Дилбар Раҳим — муовини Раиси шаҳри Душанбе бо масъулини соҳаи маорифи пойтахт баргузор шуд.Дар ҷаласа Одилзода Дилбар Раҳим вобаста ба иҷрои дастури супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, аз 14 июли соли 2022 бо мақсади такмили соҳаи технологияи иттилоотӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди касбият ба омӯзгорону хонандагон, муаҳҳаз гардонидани синфхонаҳои компютерӣ бо меъёрҳои техникӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо, беҳтар намудани сифати таҳсилот, пайваст гардидани муассисаҳои таълимӣ ба барномаи “eDonish”,, таъмини муассисаҳои таҳсилотӣ бо мутахассисони касбии фанни технологияҳои иттилоотӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон, инчунин такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон ба масъулин дастур доданд, ки дар ин самт дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор чораҳои мушаххас андешанд.Ҳамзамон, масъалаҳои вазъи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо либоси ягонаи мактабӣ, ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатии ватанӣ, ки ба истеҳсоли сару либоси мактабӣ машғуланд, риояи ҳатмии Дастурамали либосҳои тавсиявӣ аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагон, дар сатҳи баланд омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсили 2022-2023, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ ва синфхонаҳои дарсӣ бо аёниятҳо, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо мизу курсӣ ва дигар шароити таълимӣ, таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва таҳлили вазъи таъминотӣ кадрӣ, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ, ҳамкории роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон, пешгирии ҳолатҳои беназоратии ноболиғон аз ҷониби волидон ва масъулини муассисаҳои таълимӣ дар самти ба садама дучор шудан ва ғарқшавии ноболиғон дар ҷойи барои оббозӣ хатарнок, ҳолатҳои сӯхтор ва риояи қоидаҳои зидди сӯхтор, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронии муассисаҳои таълимӣ ва таъмини иҷрои нақшаҳои тасдиқгардида, тибқи нақшаи пайвастшавӣ сари вақт пайваст шудани муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар сохторҳои соҳаи маориф, иҷрои саривақтии асноди назоратӣ, бахусус барномаҳои давлатӣ, стратегия ва нақшаҳои қабулгардида дар соҳаи маориф, назорати сифати таълиму тарбия, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо маводи электронии таълимӣ, тақвияти фаъолияти китобхонаҳои дохилимуассисавӣ, андешидани чораҳои муҳим ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузории даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.”, “Илм-фурӯғи маърифат.”, “Тоҷикистон-ватани азизи ман.”, “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” ва ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон ба ин озмунҳо, риояи одоби муошират ва муносибати дуруст аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ, беғаразона фаҳмонидани талаботи қонунгузорӣ зимни баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон, риояи ҳолатҳои тозагӣ, ободонӣ ва санитариву эпидемологии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва беҳбуд бахшидани сатҳу сифати ғизои мактабӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.Дар хотима муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ва сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур ба Раҳимӣ Комилҷон-директори Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” ва Асҳобиддини Шералӣ – директори Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Фестивали II байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон “Шукуфаҳои пойтахт” ва Олимпиадаи байналмилалии «ISI JUNIOR-2022» оид ба технологияҳои информатсионӣ изҳори сипос намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *