муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода дар якҷоягӣ бо муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии аз ҷониби Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе сохташаванда дидан намуд.Зимни боздид, муовини вазири маориф ва илм ба сифати корҳои сохтмонию васлгарӣ таваҷҷуҳ намуда, бо масъулин ва сохтмончиёни иншооти мазкур суҳбат анҷом дод. Иттилоъ дода шуд, ки дар иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром идома дошта, тибқи нақша муассисаи таълимӣ дар оғози соли нави таҳсил мавриди истифода қарор дода мешавад.Бояд гуфт, ки дар доираи амалигардонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад, сохтмони муассисаи таълимӣ барои 1224 ҷойи нишаст дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад.


