ДАСТОВАРДИ БЕНАЗИР:14 МЕДАЛИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ АЗ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «TEENEAGLE» БРИТАНИЯИ КАБИР

Дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар Озмуни байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ, ки рӯзҳои 31 июл то 7 августи соли 2022 дар шаҳри Лондони кишвари Бритониёи Кабир, донишгоҳи Брунел баргузор гардид, 76 нафар хонандагон бо ҳамроҳии 10 омӯзгори фанни забони англисӣ аз Тоҷикистон иштирок намуданд. Санаи 5 августи соли 2022, дар Донишгоҳи «Оксфорд»-и шаҳри Лондон маросими қадршиносии ғолибони олимпиадаи байналмиллалии «Teeneagle» аз фанни забони англисӣ баргузор гардид. Олимпиадаи мазкур рӯзҳои 2-5 август аз рӯи 4 бахш ва 2 категорияи синну соли «ИГЛЕТС» (синфҳои 5-8) ва «ИГЛС» (синфҳои 9-12) баргузор гардида, дар он 27 давлат ва зиёда 400 хонандагон иштирок намуданд. 31 нафар хонандагони мо ба гирифтани 3 медали тилло, 12 медали нуқра ва 16 медали биринҷӣ муваффақ гаштанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *