ОҒОЗИ КУРСҲОИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ОМӮЗГОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар асоси фармоиши сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 25 июли соли 2022, №103/10 “Дар бораи ташкили курсҳои омӯзиши технологияи иттилоотӣ ва тахтаи электронӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе” бо мақсади иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 14 июли соли 2022, №99 “Дар бораи рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ вобаста ба амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 дар шаҳри Душанбе”, банди 11-и Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” ва банди 2-и Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022”, аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ва Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои роҳбарони шӯроҳои методӣ ва иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе курси омӯзиши технологияи иттилоотӣ ва тахтаи электронӣ ба кори худ оғоз намуд.Дар марҳилаи якуми курси омӯзишии технологияи иттилоотӣ ва тахтаи электронӣ аз 8-уми август то 13 августи соли 2022 барои роҳбарони шӯроҳои методӣ ва иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии пойтахт баргузор мегарданд, ки аз ҳар ноҳия 40 нафарӣ иштирок намуда истодаанд. Марҳилаи дуюми курси омӯзишӣ аз 15 август то 20 августи соли равон ба нақша гирифта шуда, барои роҳбарони шӯроҳои методӣ ва иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст, ки аз ҳар ноҳия 40 нафарӣ ширкат меварзанд.Ташкилу баргузории курсҳои омӯзишӣ ва иштироки фаъолонаи омӯзгорони пойтахт дар онҳо ба сайқал додани маҳорати касбии педагогӣ мусоидат намуда, метавонад ба баландшавии сифати таълими хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ таъсири мусбӣ расонад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *