Дар Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулзода Зиёдулло Назар, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, кормандони масъули Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ дар муассисаҳои таълимии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе баргузор гардид.Воқеан, дар замони муосир пешрафти соҳаҳои ҳаётии ҷомеа ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф вобастагии зич дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи мазкур яке аз самтҳои меҳварии сиёсатии Ҳукумати ҷумҳурӣ муқаррар гардида, зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зеро таҳкурсӣ ва пояи рушди соҳаи иқтисодиёту сиёсат ва иҷтимоию фарҳанг ба омода кардани кадрҳои баландихтисос вобастагӣ дошта, сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ боис гардид, ки дар пойтахт солҳои охир даҳҳо муассисаҳои нав бунёд ва шароити таълиму тарбия бамаротиб афзудааст. Воқеан, дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, худогоҳиву меҳанпарастӣ тарбия намудани насли ҷавон ва омода кардани кадрҳои баландихтисос шарти муҳими рушди ояндаи кишвар ба ҳисоб меравад. Дар шароити муосир дар бозори меҳнатӣ ҳам дохили кишвар ва ҳам берун аз он асосан хатмкунандагоне соҳиби ҷои кор мешаванд, ки дорои касбияти баланд, донандаи технология ва забонҳои хориҷӣ буда, маҳорати ташкилотчигӣ ва малакаи муошират бо қишрҳои гуногуни ҷомеаро доро мебошанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Рӯзи дониш ва ҳангоми мулоқоту вохӯрӣ бо кормандони соҳаи маориф ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи наврасону ҷавонон пешниҳоду вазифаҳои мушаххас ба миён мегузоранд. Аз ҷумла, омӯзгоронро пайваста вазифадор менамоянд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро тақвият бахшида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро рушд бахшанд ва ба омӯзищши амиқи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Дар ин самт, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе чораҳои зарурӣ андешида, таъмини муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо мутахассисони соҳибкасбу ботаҷрибаро, яке аз вазифаи аввалиндараҷаи фаъолияти хеш медонад. Имрўз дар шаҳри Душанбе 193 муассисаи таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли моликият фаъолият доранд, ки дар муассисаҳои мазкур 11213 нафар омўзгор, ки аз ин 8716 нафар занони соҳибмаълумоту соҳибкасб фаъолият доранд. Сарраёсати маориф ҷиҳати баланд бардоштани маҳорату малака ва маърифати истифодаи техника ва технологияи муосир аз ҷониби кормандони педагогӣ курсҳои омӯзишӣ ташкил намуд, ки дар он донишҳои заминавии истифодаи компютер ва тахтаи электронӣ таълим дода шуд. Мутахассисони ҷавоне, ки имрӯз ба фаъолият оғоз менамоянд, ҷиҳати дуруст амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ мутобиқ ба замони муосир, мутобиқсозии сатҳи касбии худ бояд пеш аз он, ки ба даргоҳи муассисаи таълимӣ ворид мешаванд, чораандешӣ намоянд. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати ҷалби мутахассисони касбӣ ба фаъолияти омўзгорӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озоди соҳавиро ба роҳ мондааст. Бо назардошти дархости шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои тобеи Сарраёсат дар ярмаркази мазкур воҳидҳои холии фанҳои технологияи иттилоотӣ, забони русӣ, математика, химия, биология, физика, география, тарбияи ҷисмонӣ, синфҳои ибтидоӣ, суруд ва мусиқӣ, технологияи касбу ҳунар (барои духтарон ва писарон) ва тарбияи ҷисмонӣ пешниҳод шуда, манзури довталабон гардонида мешавад. Сарраёсати маориф дар оянда низ, ба нақша гирифтааст, ки чунин чорабиниҳоро зиёд намуда, 25 августи соли 2022 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ дар муассисаҳои таълимии соҳаи маорифи шаҳри Душанберо баргузор намояд.
ХАБАРҲО
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи КӯшониёнИфтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи КӯшониёнҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»