Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №100-и ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед, мудири бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Табарзода Ситора, кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, мудирони бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва И.Сомонӣ роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва миёнаи умумӣ ҷаласаи кории муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим бо масъулини соҳаи маориф доир ба омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсили 2022-2023 баргузор шуд.Дар ҷаласа Одилзода Дилбар Раҳим вобаста ба иҷрои дастури супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсили 2022-2023, фароҳам овардани шароити мусоиди касбият ба омӯзгорону хонандагон, баланд бардоштани сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон, инчунин такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон ба масъулин дастур доданд, ки дар ин самт дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор чораҳои мушаххас андешанд.Дар идома зикр гардид, ки айни ҳол вобаста ба қабул намудани кӯдакон ба синфи 1 дар муассисаҳои таълимӣ, махсусан дар муассисаҳои таълимии забони таҳсилаш русӣ арзу шикояти шаҳрвандон нисбати роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ба мушоҳида мерасад. Дар ин самт, ба шуъбаҳои маориф дастур дода шуд, ки корбариро ҷиддӣ намуда, тибқи тартиб назорати қабули кӯдаконро ҷиддӣ намоянд.Ҳамзамон, масъалаҳои вазъи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо либоси ягонаи мактабӣ, ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатии ватанӣ, ки ба истеҳсоли сару либоси мактабӣ машғуланд, риояи ҳатмии Дастурамали либосҳои тавсиявӣ аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагон, таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва таҳлили вазъи таъминотӣ кадрӣ, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ, махсусан дар ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсӣ, тибқи тартиб қабули кӯдакон ба мактаб-интернатҳо, ҳамкории роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон, пешгирии ҳолатҳои беназоратии ноболиғон аз ҷониби волидон ва масъулини муассисаҳои таълимӣ дар самти ба садама дучор шудан ва ғарқшавии ноболиғон дар ҷойи барои оббозӣ хатарнок, ҳолатҳои сӯхтор ва риояи қоидаҳои зидди сӯхтор, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронии муассисаҳои таълимӣ ва таъмини иҷрои нақшаҳои тасдиқгардида, тибқи нақшаи пайвастшавӣ сари вақт пайваст шудани муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар сохторҳои соҳаи маориф, иҷрои саривақтии асноди назоратӣ, бахусус барномаҳои давлатӣ, стратегия ва нақшаҳои қабулгардида дар соҳаи маориф, назорати сифати таълиму тарбия, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо маводи электронии таълимӣ, тақвияти фаъолияти китобхонаҳои дохилимуассисавӣ, риояи одоби муошират ва муносибати дуруст аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ, беғаразона фаҳмонидани талаботи қонунгузорӣ зимни баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон, риояи ҳолатҳои тозагӣ, ободонӣ ва санитариву эпидемологии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва беҳбуд бахшидани сатҳу сифати ғизои мактабӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
ХАБАРҲО
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи КӯшониёнИфтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи КӯшониёнҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»