ВОХЎРӢ БО АДИБОН

Дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» вохўрии адибони шинохтаи тоҷик- мудири шуъбаи адабиёти бачагонаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, нависандаи дўстдоштаи кўдакону наврасон- Азизи Азиз ва шоири ширинбаён, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода- Муродалӣ Собир бо истироҳаткунандагони лагери истироҳатӣ-омўзишӣ барои аъзои фаъоли Созмони хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба номи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид. Дар вохўрӣ адибон аз ҳаёти даврони бачагии худ қиссаҳои шавқовар нақл карда, аз эҷодиёташон шеъру қиссаҳо хонданд. Байни истироҳаткунандагони лагер ва меҳмонон суҳбати озод ва шеърхонию муаммоёбиҳо сурат гирифт, ки хеле хубу хотирмон гузашт. Аз тарафи адибон- меҳмонони чорабинӣ ба иштирокчиёни фаъол китобҳои тозанашри муаллифон тақдим карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *