“ШОМИ МАҲОРАТ ВА ЭҶОДКОРӢ”

Дар доираи истироҳатгоҳ барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе барои муайян намудани истеъдоди хонандагон дар самти наворгирии сужаҳо озмуни “Филми кӯтоҳ” гузаронида шуд. Аъзоёни дастаҳо нимаи дувуми рӯз ба муайян кардани мавзуъ, хатти сужет, монтаж ва эффектҳои ёрирасон машғул шуданд. Аз ҷониби иштирокчиёни озмун панҷ филм бо назардошти мубрамии мавзуъ ва ҷабҳаи тарбиявӣ – ахлоқӣ пешниҳод гардид. Бозии актёрони ҷавон, маҳорати наворгирӣ ва танзими дурусти сужетҳо боиси баҳогузории ҳакамон қарор гирифт.Ифодаи муносибати иштирокчиён — аъзоёни дастаҳо, нисбат ба муҳити атроф ва масъалаҳои ҳалталаби рӯз тавассути рақси серҳаракат аз шартҳои асосии озмуни “Флешмоб ва рақси батл” ба ҳисоб меравад. Иштирокчиён тавонистанд ба василаи рақсҳои ҷолиби худ муттаҳидии гурӯҳ, бомаҳоратӣ ва мазмуннокии рақсро ифода намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *