Дар истироҳатгоҳи тобистонаи хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ — «Ҷилваи ҳунар» баргузор гардид. Дар чорабинӣ аъзоёни панҷ даста байни ҳам аз рӯйи номинатсияи саҳначаи ҳаҷвӣ ва номинатсияи мусаввараофарӣ — “Воқеияти афзоишёфта” бо шавқу рағбати беандоза сабқат намуданд. Дар охир фаъолияти истироҳаткунандагон аз ҷониби ҳайати ҳакамон натиҷагирӣ карда шуд.

