Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 09.08.2022, №430 “Дар бораи ташкил ва баргузории истироҳати тобистонаи хонандагони болаёқат ва Олимпиадаи даставии “Ҷоми пойтахт” бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” – эълон гардидани солҳои 2020-2040 ва ҷалби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба истироҳатгоҳи тобистонаи беруназшаҳрӣ ва ҳавасманд гардонидани онҳо аз санаи 15 то 21 августи соли 2022 дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Зимчуруд” истироҳати хонандагони болаёқат ва Олимпиадаи даставии “Ҷоми пойтахт” ташкил карда шуд.Қобили қайд аст, ки ҳамасола аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” барои хонандагони болаёқати пойтахт истироҳатгоҳи тобистона ташкил карда мешавад. Имсол бори аввал аст, ки дар доираи баргузории истироҳати тобистонаи хонандагони болаёқат бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Олимпиадаи даставии “Ҷоми пойтахт” бо иштироки хонандагон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида шуд.Санаи 21 августи соли 2022 бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур ва директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” Саломиён Нусратулло Салом маросими ҷамъбати истироҳати тобистонаи хонандагони болаёқат ва Олимпиадаи даставии “Ҷоми пойтахт” баргузор гардид.Боиси тазаккур аст, ки дар истироҳати тобистонаи хонандагони болаёқат ва Олимпиадаи даставии “Ҷоми пойтахт” зиёда аз 200 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии вилотяҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.Олимпиадаи даставии “Ҷоми пойтахт” дар байни хонандагони синфҳои 7-11 аз рӯи фанҳои математика, физика, химия, биология, география ва технологияи иттилоотӣ гузаронида шуд,ки дар натиҷа аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хонандагони шаҳри Душанбе сазовори “Шоҳҷоиза”, вилояти Суғд ҷойи якум, вилояти Хатлон ҷойи дуюм ва хонандагони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.Аз ҳисоби литсей ва гимназияҳо дастаи олимпии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори “Шоҳҷоиза”, дастаи олимпии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум, дастаи олимпии вилояти Суғд сазовори ҷойи дуюм ва дастаи олимпии вилояти Хатлон сазовори ҷойи сеюм гардиданд.Ғолибони Олимпиадаи даставии “Ҷоми пойтахт” ва иштирокчиёни фаъоли истироҳатгоҳи тобистонаи хонандагони болаёқат бо медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот ҳавасманд гардонида шуданд.
ХАБАРҲО
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи КӯшониёнИфтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи КӯшониёнҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»