дар Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдоди назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ҷаласаи назоратии назди сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ баргузор шуд. Дар маҷлиси назоратӣ масъалаҳо ҷиҳати тибқи тартиб ба роҳ мондани қабули хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ, махсусан ба синфи 1, омодагӣ, оро додан бо парчамҳои давлатӣ ва насби шиору овезаҳо дар муассисаҳои таълимии соҳаи маорифи пойтахт бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати иҷрои нақшаи ниҳолшинонӣ ва гулу буттаҳо дар муассисаҳои таълимӣ, риояи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ҳангоми муошират бо шаҳрвандон аз ҷониби омўзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии пойтахт, сару либоси тавсиявӣ аз ҷониби омӯзгорону мураббиён ва хонандагон, таҳлили вазъи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасию муҳокима қарор дода шуд.
ХАБАРҲО
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи КӯшониёнИфтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи КӯшониёнҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»