БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР САМТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ»

Дар доираи таҷлили сазовори ҷашни истиқлоли давлатӣ дар пойтахт корҳои ободониву хуррамгардонӣ бо вусъат идома дорад. Баргузории озмуни «Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ» дар соли 2022 аз ҷумлаи чунин иқдомҳост. Комиссияи шаҳрӣ барои муайян намудани ғолиби озмун ҳоло фаъолият доранд. Ин навбат ҳолати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №62 ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва 38-и ноҳияи Сино ва муассисаи таҳсилоти томактабии №45-ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва 18-и ноҳияи Сино аз ҷониби комиссияи шаҳрӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Бо мақсади ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи маорифи пойтахт дар самти тарғибу ташвиқ намудани корҳои созандагӣ, ободонӣ, сабзкорӣ ва бо гулу буттаҳо ороиш додани муҳити муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе давоми 4 сол аст, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт озмуни «Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ» гузаронида мешавад. Айни замон ин озмун дар шаҳр ҷараён дорад. Ҳайати комиссия, ки дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардидаанд, пурра фаъолияти муассисаҳоро дар самти корҳои ободонӣ баҳогузорӣ намудаанд. Бояд гуфт, ки озмун дар асоси принсипҳои баробарии ҳуқуқу имкониятҳо, ташаббус ва эҷодкории озодона, нигоҳ доштани урфу андешаҳои миллӣ, тарғиби таъриху тамаддуни тоҷикон гузаронида мешавад. Озмун дар асоси нишондиҳандаҳое, ки қоидаи мазкурро пешбинӣ намудааст, бо назардошти таҳлили натиҷаҳои дастовардҳо сурат мегирад.Дар асоси Низомномаи озмуни «Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти ободонӣ» дар соли 2022 нишондиҳандаҳо барои муайян намудани беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ, ин вазъи кунунии муассисаи таълимӣ, ҳолати биноҳо, иншоот, кабудизоркунии гирду атроф ва роҳраву ҳавлӣ, ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ барои ободкории муассисаи таълимӣ, муҳити зист ва экология бо дарназардошти намуди кӯчаву роҳравҳо, ободонӣ, рангубор, сафед кардани бино ва дигар иншоотҳои муассисаи таълимӣ, насби таҷҳизотҳои равшанидиҳандаи ороишӣ, инчунин кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, гулу буттаҳои мавсимӣ ва фазои сабзиши онҳо, сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобастшудаи гулкорӣ ба назар гирифта мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *