МАҶЛИСИ ВАСЕИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР БАРГУЗОР ГАРДИД

Бо назардошти оғози соли таҳсили 2022-2023 чун анъана дар толори маҷлисии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и ноҳия маҷлиси васеи кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.Дар кори маҷлис сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, муҳтарам Исмоилзода Б. М., муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур, сарпарасти соҳаи иҷтимоӣ Нурляминзода С. А., мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур Мусоҷонзода Ҷ. М., кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур, директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирони муассисаҳои томактабӣ, собиқадорони соҳаи маориф, омӯзгорони соҳибтаҷриба, хонандагони фаъол, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.Сараввал, гузориши мудири шуъбаи маориф Мусоҷонзода Ҷ. М. оид ба пешрафт ва камбудиҳои соҳаи маорифи ноҳия дар соли таҳсили 2021-2022 шунида шуда, доир ба беҳтар кардани сифати таълиму тарбия якчанд пешниҳодҳо ироа гардид.Сипас, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, муҳтарам Исмоилзода Б. М. фаъолияти кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Шоҳмансурро таҳлил ва баррасӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити кор дар муассисаҳои таълимӣ, сифатан иҷро намудани барномаҳои давлатии қабулгардида, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ ва риояи либоси ягона дар миёни омӯзгорону хонандагон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.Дар навбати худ муовини Раиси ноҳия Нурляминзода С. А. ҳозиринро бо ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози соли таҳсили 2022-2023 самимона табрик намуда, дар назди масъулин барои тақвияти корҳои ободонию сабзкорӣ, иштироки фаъолона дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон Ватани азизи ман» ва «Илм-фурӯғи маърифат», баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, тақвиятии корҳои тарбиявӣ ва ба камол расонидани насли худогоҳу хештаншинос вазифагузорӣ намуданд.Дар охир собиқадорони соҳаи маориф, омӯзгорон ва хонандагони фаъол бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуда, аз ҷониби тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии «Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур» барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *