ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ДОНИШ ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ”

Дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бахшида ба Рӯзи дониш таҳти унвони “Дониш чароғи маърифат” намоиш ифтитоҳ гардид.Дар ифтитоҳи намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо дар суханронии хеш зикр намуданд, ки дониш барои инсон мояи манбаи фазлу камол буда, инсонро бузургдил мегардонад. Шахси донишманд дар ягон давру замон ба душвориҳо рӯ ба рӯ намешавад. Чунки дониши бузургаш ӯро бо роҳи росту самарабахш раҳнамун месозад.Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо як шаҳомату шукӯҳи хосса ҷашн гирифта мешавад.Вобаста ба ҳамин сана, дар намоишӣ омоданамуда аз фонди Осорхонаи миллӣ 30 адад экспонатҳои нодир ба монанди мусаввараву нимпайкараҳои рассомон ва пайкарасозон аз қабили офаридаҳои рассомон А. Ашӯров “Симои Муаллим” (соли 1955), Буртсев Е. Г. “Мактаби кўҳна (соли 1934), Ҳабибулоев З. Н. “Гурӯҳи шоирон” (соли 1981), Лисиков И. Л. “Симои муаллимаи хизматнишондодаи ҶШС-и Тоҷикистон Маҳмудова М.” (соли 1977), Бенков П.П. “Ба мактаб” (соли 1946), Богдасаров Р. “Симои Абдураҳмони Ҷомӣ” (соли 1964), Боборикин В. М. “Маҳви бесаводӣ” (соли 1957), Хушвахтов Х. Д. “Имтиҳон” (соли 1962), Камелин А. Н. “Симои А. Дониш (соли 1964), Одинаев Б. “Ашъори шоирони бузург” (соли 1989), Жумағозин К. “Донишҷӯ” (соли 1979), Гунниус А. Ф. “Дӯстон” (соли 1956) ва дигар экспонатҳо пешниҳоди тамошобинон шудаанд.Дар воқеъ дониш аст, ки инсонро обрӯманду сарбаланд мегардонад ва дар самти дарёфти мавқеи сазовори худ дар зиндагӣ мадад мерасонад.Намоиши “Дониш чароғи маърифат” то 20.09.2022 идома меёбад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *