Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Истаравшани ноҳияи Шоҳмансур муассисаи томактабии №30-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар рафти шиносоӣ ба Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии иншоот 3915 метри мураббаъро ташкил дода, бино дар масоҳати 1211 метри мураббаъ сохта шудааст. Иншоот аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 204 нафар кӯдак пешбинӣ гардидааст. Корҳои сохтмонӣ моҳи июли соли 2021 оғоз гардида, дар муддати кутоҳ мутобиқ ба талаботи замони муосир ба анҷом расонида шуд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои 20 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам гардид. Муассисаи замонавӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби МД «Раёсати сохтмони асосї» шаҳри Душанбе бунёд гардида, дар он таълиму тарбияи кӯдакон мутобиқ ба талаботи имрӯза ба роҳ монда шудааст. Иншоот дорои ошхона бо 120 ҷойи нишаст, анбор барои нигоҳдории маводи хӯрока, ҳуҷраи ҷомашӯӣ, толори варзишӣ, гимнастикаи бадеӣ, синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла, забони англисӣ, арифметикаи зеҳнӣ, толори мусиқӣ, машғулият, ҷойҳои хобу истироҳат, ҳуҷраҳои корӣ, маркази хизматрасонии тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар саҳни муассисаи нави таълимӣ 9 айвонча, 2 ҳавзи тобистонаи шиноварӣ ва гӯшаҳои махсус сохта шудаанд, ки барои гузаронидани машғулиятҳо ва бозии кӯдакон хеле мувофиқанд. Раиси шаҳри Душанбе масъулинро вазифадор намуданд, ки пеш аз ҳама дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи кӯдакону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, таъмини шароити хуби тарбия ва риояи қоидаҳои беҳдоштии кӯдакон диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
ХАБАРҲО
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи КӯшониёнИфтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи КӯшониёнҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»