БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА МУНОСИБАТИ 31 –УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ “ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – ЗАМИНАИ АСОСИИ РУШДИ МАОРИФИ МИЛЛӢ”

Бо иқдоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе 7 сентябри соли 2022 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102-и ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, мудири шуъбаи адабиёти хориҷии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо, Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рўдакӣ Муҳаммад Ғоиб, муовини сардори Раёсати назорати давлатии ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Восиев Саъдулло, сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Саидов Саидаҳмад, кормандони дастгоҳи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маориф, роҳбарони муассисаҳои тобеи Сарраёсати маориф, мудирон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Душанбе новобаста аз шакли ташкилӣ – ҳуқуқӣ ва тобеияти идорӣ ва омўзгорон чорабинии тантанавии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ба муносибати 31 –умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқлолияти давлатӣ – заминаи асосии рушди маорифи миллӣ” баргузор гардид.Ба ин муносибат дар долони даромадгоҳи ошёнаи якуми муассиса намоиши дастовардҳои омўзгорон ва хонандагони пойтахт ба марази тамошо гузошта шуд.Чорабинии тантанавӣ бо ворид гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ва ба таври зинда хондани Суруди миллӣ аз ҷониби иштирокчиён оғоз гардид.Дар рафти чорабинӣ маърузаҳо оид ба дастовардҳои соҳа дар даврони соҳибистиқлолӣ, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пешрафти соҳаи маориф ироа карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *