БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ

Дар Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдоди назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ҷаласаи назоратии назди сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ баргузор шуд. Дар маҷлиси назоратӣ масъалаҳо ҷиҳати пешниҳоди шумораи умумии хонандагон, махсусан қабули кӯдакон ба синфи 1, натиҷаи фарогирӣ ба зинаи сеюми таҳсилот, вазъи таъмини хонандагон бо сару либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, омодагӣ, оро додан бо парчамҳои давлатӣ ва насби шиору овезаҳо дар муассисаҳои таълимии соҳаи маорифи пойтахт бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати иҷрои нақшаи ниҳолшинонӣ ва гулу буттаҳо дар муассисаҳои таълимӣ, риояи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ҳангоми муошират бо шаҳрвандон аз ҷониби омўзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии пойтахт, сару либоси тавсиявӣ аз ҷониби омӯзгорону мураббиён ва хонандагон, таҳлили вазъи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасию муҳокима қарор дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *