ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕаз 22 августи соли 2022, №442
Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе”Бо мақсади баланд бардоштани завқи бадеӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ, сарояндагию овозхонӣ, баланд бардоштани маҳорати иҷрокунандагӣ, ташаккули истеъдод ва ҳунари наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа дар ин самтҳо, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди эҷод ва пешниҳоди шеър ва сурудҳои таҷассумкунандаи марҳилаи нави ободкориву созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва дар ин замина эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, инкишофи қобилияти ҳунариву эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои соҳибистиқлолии милливу давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”ҚАРОР МЕКУНАМ:1. Дар соли 2022 дар шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” ташкил ва баргузор карда шавад.2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҳайати ҳакамон ва харҷномаи озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” тадбирҳои амалӣ андешанд.4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт, ҷиҳати ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” маблағи 1004300 (як миллиону чор ҳазору сесад) сомониро ба суратҳисоби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷудо намояд.5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рўзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкур ва ҷараёни амалишавии онро тариқи васоити ахбори омма таъмин намоянд.6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ