Бароям боиси ифтихор ва сарбаландист, ки либоси миллии моро тамоми ҷаҳон мешиносанду эътироф мекунанд. Тасдиқи гуфтаҳои боло ин иштироки ҷавондухтарони кишвари азизамон бо либоси миллӣ дар Форуми волонтёрони Осиёи Марказӣ ва онҳое, ки бо волонтёрон кор мекунанд, дар Ҷумҳурии Қазоқистон буд.Вақте, ки мо либоси миллии тоҷикии худ чаканро ба бар кардем, таваҷҷуҳи тамоми иштирокчиёни Форуми мазкур ба либоси миллии мо афтод ва аз либоси мо шинохтанд, ки мо аз Тоҷикистон ҳастем ва ифтихори мо боз ҳам баланд гардид.Воқеан, ҳам либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинамию зебандагиашро гум накардааст. Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум ва ба ин васила бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани занону духтарон зиёд гардидааст.Модоме ки либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мост, пас, биёед, фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯркӯрона ба бегонагон фасод насозем ва онро ба ояндагон ба меърос гузорем.Рухшонаи Шералӣ
ХАБАРҲО
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи КӯшониёнИфтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи КӯшониёнҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»