ЗАБОН ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ!

“Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон

Паёми табрикотии сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Забон миллат, ҳамчун ҳастии миллат дониста шуда, нигаҳдошту покизагӣ ва такмили он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди худогоҳ ва баруманди миллат мебошад. Мардуми куҳанфарҳанги тоҷик тӯли ҳазорсолаҳо ба фоҷиаҳои хунини таърих нигоҳ накарда, забони худ — мероси ниёгонро нигоҳ доштаанд. Забони тоҷикӣ ҳанўз дар аҳди Сомониён рушду нумуъ намуда, онро фарзандони асилу муборизи ватанхоҳи миллат баъди солиёни зиёди муборизаҳо дар натиҷаи меҳнату заҳмати зиёд эҳё намуданд ва шоирону донишмандон дар такмил додани ин забони шоирона рағбат намуда, пояҳои асосии онро мустақкам намуданд. Фарзандони баруманди миллат, бузургони илму адаби мо барои равнақу ташаккули забони модарии хеш ҷоннисориҳо намуда, забони аслии худро ба пояи забони расмӣ ва давлатӣ бароварданд, асарҳои бузургтарини хешро бо ин забони шево эҷод мекарданд ва оламиён тавассути ин бузургон адабиёт ва фарҳанги оламгири моро бештар шинохтаанд.
Забони тоҷикӣ забони шево ва шефтакунанда буда, тамоми олам забони шевои моро ҳамчун ширинтарин забони рўи дунё мешиносанду ҳамчун забони фарҳангу тамаддун эътироф менамоянд. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, ки бузургтарин суханвари форсигӯйи Ҳинду Покистон буд, низ ба ин маънӣ фармуда:

Гарчи ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

Оре, забони тоҷикӣ забонест, ки онро ба шири модар, ки ҷонбахшу гуворост ташбеҳ додаанд, зеро агар шири модар тавони ҷисму рўҳ бошад, забон шаҳдест, ки ба ҷисми беҳис ҷон бахшида, вуҷуди инсонро бо лаҳни хушу гуворо навозиш намуда, таскин медиҳад.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 октябри соли 2009 дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудани Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ҳикмат набуда, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ифтихору эҳтироми мардум ба забони модарии хеш нақши бузург дорад.
Забони тоҷикӣ барои миллати бостонии тоҷик ифодагари орзую ормон ва мақсаду маром, ханҷарест обдор, ки тоҷикон зидди душманони хеш истифода кардаанд. Аз ин рў, яке аз рукнҳои камолоти худшиносиву худогоҳии миллӣ эҳтироми забони модарист. Меҳру муҳаббати бепоён ба забон, ин муҳаббат ба модари хеш аст, зеро забон бо шарофат, бо зарофат, бо феълу амали наҷиб, бо хун, бо шир, бо пайванди ҷон ба фарзанд мегузарад.
Далел ва санади қавитарини исботи зинда будани ҳар миллат пойдор мондани забони модарии он мебошад. Тавре ки Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Фаромўш набояд кард, ки забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷаҳон маҳз дар Мовароуннаҳру Хуросон ташаккул ёфта, ба эҳёи тафаккури миллии форсизабонон ва густариши адабиёти классики тоҷику форс замина гузоштааст».
Комёбиҳои забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ ба номи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳёи фарҳанги миллӣ, рушду нумўи ҷомеаи ҳуқуқбунёди дунявӣ ва нигаҳдории асолати забони тоҷикӣ робитаи ногусастанӣ дорад.

Забони тоҷикӣ забони шеъру адабиёт, забони рангорангии маъниҳои ширадору лаззатбахш мебошад. Аз ин рӯ мо омӯзгоронро зарур аст, ки минбаъд низ аз чунин як забони ноби тоҷикӣ ва асолати он нигоҳдорӣ намуда, насли наврасро дар ин руҳия тарбият намоем.
Рӯзи забони давлатӣ муборак ҳамдиёрони азиз!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *