Таҳти ҳамин унвон имрӯз дар МДТ «Гимназияи N1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби олимону мутахассисон аз се муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳӣ директори Гимназия Муродбек Неъматуллоев меҳмонон — Моҳира Мирзоева, доктори илмҳои филологӣ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Маҳбуба Бобомуродова, дотсент аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Муҳаммад Насруллоев ва Шамсиддин Ҳайбуллоев, дотсентон аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро муаррифӣ карда, баргузории конференсияи мазкурро чун нишони эҳтиром ба забони тоҷикӣ ва воситаи баланд бардоштани иқтидори илмии Гимназия арзёбӣ намуд.Дар рафти конференсия, баъд аз шунидани баромадҳои пурмуҳтавои олимони даъватшуда, омӯзгорони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Гимназия низ фаъолона ширкат варзида, аз рисолати муҳимми худ дар ҷодаи ба наврасону ҷавонон таълим додани ин мероси бузурги ниёгон ва неъмати бебаҳои миллат ёдовар шуданд.Баррасии мавзӯи методикаи таълими забони тоҷикӣ, мунозираи илмӣ ва саволу ҷавоб аз бахшҳои дигари конференсия таҳти унвони «Забон — симо ва пайкари миллат» буданд.Дар интиҳо хулосаҳои конференсия ҷамъбаст гардида, аз ҷониби роҳбарияти Гимназия ба меҳмонон сипосмандӣ иброз гардид. Ҳамзамон, тавсияи омӯзгорон роҷеъ ба бештар баргузор намудани чунин чорабиниҳои илмӣ, ки метавонанд сабаби баланд гаштани иқтидори илмӣ ва зеҳнии муассиса шаванд, шунида шуд.