НАМОИШИ АКСҲО ВА МУСАВВАРАҲО

Муассисаи давлатии «Маркази кўдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» дар хамкорӣ бо Филиали миллии Ширкати байнидавлатии симо ва садои «Мир» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи кўдакони шаҳри Душанбе бахшида ба ифтихори 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии таъсисёбии ин Ширкат намоишгоҳи аксҳою мусаввараҳои таърихии пойтахти мамлакат ва дар маҷмўъ Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла манзараҳои сайёҳии Ватани биҳиштосои мо – Тоҷикистон бо иштироки кормандон, таълимгирандагон ва сокинони пойтахт ташкилу баргузгор гардид.Дар оғози чорабини директори Муассисаи давлатии «Маркази кўдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Раҳимӣ К.М. ва директори Филиали миллии Ширкати байнидавлатии симо ва садои «Мир» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмаилова В.Р. суханрони намуданд.Илова бар ин намоиши аксҳо ва мусаввараҳо тўли 10 рўз дар Боӯи кўдакон ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Дар фарҷоми чорабинии мазкур аз ҷониби ансамбли кўдаконаи «Шукуфаҳои пойтахт»-и Муассиса барномаи рангини консерти пешкаш гардонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *