Дар Муассисаи давлатии «Маркази кўдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни расми беҳтарини ифодакунандаи манзараҳои сайёҳии Ватани азизамон- Тоҷикистон, ки аз тарафи Филиали миллии Ширкати байнидавлатии симо ва садои «Мир» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии таъсисёбии ин Ширкат бахшида шуда буд, доир гардид.
Як гурўҳ таълимгирандагони маҳфили расмкашии Муассисаи давлатии «Маркази кўдакон ва наврасони шаҳри Душанбе», ки дар ин озмун фаъолона ширкат варзида, аз тарафи ҳакамони озмун ғолиб дониста шуда буданд, бо Диплом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Ширкати байнидавлатии симо ва садои «Мир» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Суратгузориш аз рафти чорабинии мазкур: