ДӮСТИРО ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ МО!

Таҳти чунин шиор намояндагони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ ва Кӯлоб ба пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳри Тошканд сафари корӣ анҷом доданд.Меҳмононро намояндагони Вазорати маорифи халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона истиқбол намуданд.Сафари намояндагони донишкада ин давоми татбиқи бандҳои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи такмили ихтисоси омӯзгорон ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф мебошад. Бояд тазаккур дод, ки байни Пажӯҳишгоҳи илмӣ – таҳқиқотӣ оид ба омӯзиш ва дурнамои маорифи халқи ба номи А. Авлонии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф шартномаи дуҷониба оид ба табодули таҷрибаи ҳамдигар, омӯзишу шиносоӣ бо ҷараёни баргузории курсҳои такмили ихтисос, таҳияи барномаҳои таълимӣ, роҳҳои истифодаи усулҳои нави таълим ва баррасии масъалаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ба имзо расида буд. Дар ин замина бори аввал дар замони соҳибистиқлолӣ кормандони донишкада бо сафари расмӣ ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварданд. Танҳо дар соли 2022 омӯзгорони ӯзбекзабони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Термизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба курсҳои такмили ихтисос фарогирифта шуданд. Инчунин омӯзгорони тоҷиктабори Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба тариқи фосилавӣ аз курсҳои такмили ихтисоси Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф гузаронида шуданд.Роҳбарияти донишкада минбаъд низ тасмим гирифтаанд, ки кормандону омӯзгорони донишкада ва филиалҳои онро ҳарчи бештар ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ба кишварҳои хориҷ фиристонанд. Мо итминон дорем, ки кормандони донишкада аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо як рӯҳияи баланд бармегарданд ва донишу таҷрибаи андӯхтаи худро барои баланд бардоштани сифати таълим равона месозанд. Роҳбарии гуруҳро муовини ректор оид корҳои таълимӣ-методӣ, н.и.ф, дотсент Ёрмуҳаммадзода Шермуҳаммад ба зимма доранд. Дар гузоришҳои минбаъда аз натиҷаи сафари корӣ маълумоти муфассал пешниҳод менамоем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *