МАРОСИМИ ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ҒОЛИБОН ВА ИШТИРОКЧИЁНИ ФАЪОЛИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ – ФУРЎҒИ МАЪРИФАТ” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

15 октябри соли 2022 дар толори Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи ба номи Умари Хайём” маросими ҳавасмандгардонии ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурўғи маърифат” бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим баргузор гардид.

Зикр гардид, ки даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурўғи маърифат” бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 апрели соли 2022, №137 бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, №АП-155 дар доираи “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо фарогирии доираи васеи довталабон рўзҳои 27-ум 29-уми сентябри соли 2022 аз рўйи 7 номинатсия баргузор карда шуд.

Баъди баргузории озмун ва санҷиши дониши довталабон ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурўғи маърифат” аз ҷониби ҳайати ҳакамони нуктасанҷ ва босалоҳият муқаррар карда шуданд, ки ғолибони зерин бо мукофотҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ сарфароз карда шуданд.

Ҳавасмандгардонии ғолибони номинатсияи “Математика” байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ:

1. Нормуродзода Фараҳноз — хонандаи Муассисаи таълимии Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе барои ишғоли ҷойи сеюм дар озмун бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ;

2. Ахмедов Суҳайл – хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маориф барои ишғоли ҷойи сеюм дар озмун бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ;

3. Душанов Азамат – хонандаи Муассисаи таълимии Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе барои ишғоли ҷойи дуюм дар озмун бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 (понздаҳ ҳазор)сомонӣ;

4. Абдушаҳодов Юсуфҷон– хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маориф барои ишғоли ҷойи дуюм дар озмун бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ;

5. Азиммуродов Суфираҳим– хонандаи Муассисаи таълимии Литсейи Ҳотам ва ПВ барои ишғоли ҷойи якум дар озмун бо Ҷоми ғолибдиплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 (бист ҳазор) сомонӣ сарфароз карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *