МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРЎҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

Субҳи имрўз дар саҳни Муассисаи давлатии «Маркази кўдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва васоити ахбори омма маросими ифтитоҳи даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.Нахуст муовини Раиси шаҳри Душанбе — Одилзода Дилбар Раҳим баромад намуда, иштирокчиёни озмунро ба маросими ифтитоҳи даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” хайрамақдам гуфта, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахусус аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳамаи иштирокчиёни озмуни мазкур барору комёбӣ ва саодату сарбаландӣ таманно намуданд. Мавсуф аз ҷумла зикр намуданд, ки:Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, таҳти №АП-156 ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Душанбе” аз 1 апрели соли 2022, №138 ба тасвиб расида, дар даври шаҳрии он 423 нафар довталаб ширкат меварзанд, ки нисбат ба соли гузашта 143 нафар зиёд мебошад.Бояд қайд кард, ки шумораи иштирокчиён ва ғолибони даври якум ва дуюми озмун низ мутаносибан афзудааст, ки ин аз оммавӣ гардидани озмун дарак медиҳад.Бояд қайд намуд, ки соли гузашта дар доираи талаботҳои муқарраргардидаи озмун вобаста ба ҳар як номинатсияи он ва иловатан вобаста ба мавзуъҳои васфи Ватан, дӯстиву бародарӣ, хайру эҳсонкорӣ, ишқи поки инсонӣ, тараннуми ваҳдату сулҳу субот ва корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушду ободии диёр иштирокчиён аз пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” фаъолона ширкат варзида, маҳорат ва малакаи худро нишон дода, аз ҷониби ҳакамони озмун сазовори баҳои баланд шуда, бо соҳиб гаштан ба 27 ҷойи ифтихорӣ мақоми аввалро дар сатҳи ҷумҳурӣ ноил гардиданд.Итминон дорам, ки имсол низ ҳакамони нуктасанҷ ҷиҳати дарёфти чеҳраҳои нав ва истеъдодҳои дорои қобилияти баланди эҷодӣ дар доираи озмуни мазкур, мусоидат хоҳанд кард.Сипас, директори Муассисаи давлатии “Маркази кўдакон ва наврасони шаҳри Душанбе”- Раҳимӣ Комил Маҳмадраҳим иштирокчиёни ҷамъомадро бо тартиби баргузории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” ва ҳайати ҳакамони озмун шинос намуданд. Дар озмуни имсола шахсони зерин ба донишу маҳорат ва истеъдоди иштирокчиёни озмун баҳогузорӣ хоҳан кард:Кароматулло Олимов- академики АМИТ (раиси ҳайати ҳакамон);Нуриддин Саид- Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;Камол Насрулло- шоири халқии Тоҷикистон;Шодӣ Шокирзода- сармуҳаррири маҷаллаи «Маърифати омўзгор»;Низомӣ Муҳриддин- ректори ДДФС ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор;Сироҷиддини Эмомалӣ- декани факултети филологияи ДМТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор;Рухшона Восиева- декани факултети ДДОТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор;Азим Аминов- дотсенти кафедраи адабиёти ҷаҳони ДСРТ;Муҳаммадизода Қарор- мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДМТ;Рустам Ваҳҳобзода- дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДМТ;Одилзода Дилбар- муовини Раиси шаҳри Душанбе;Солеҳов Фатҳуддин- мудири шуъбаи рушди иљтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе;Фарҳод Худоёров- муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе;Зуҳурзода Заррина- сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе;Шоҳиён Нуралӣ- сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе;Ҳафиз Раҳмон- муаллими калони кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДМТ;Насриддинова Раъно- барандаи «Шоҳҷоиза»-и озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2020.Тибқи тартиби муқарраргардида сараввал иштирокчиёни озмун аз рўйи номинатсияи «Хондан ва аз бар намудани адабиёти бачагона» вориди толори фарҳангии Муассисаи давлатии “Маркази кўдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” гардиданд.Бояд ёдовар шуд, ки озмуни мазкур аз 17-ум то 23-уми октябри соли 2022 идома меёбад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *