БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБИЮ МИЁНАИ УМУМИИ НОҲИЯИ СИНО

Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро аз муассисаҳои таҳсилоти томактабии №№31, 112, 118 ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №59 ва №66-и ноҳияи Синодидан намуд.

Зимни боздид аз муассисаи таҳсилоти томактабии №31 ноҳияи Сино иттилоъ дода шуд, ки дар муассиса айни ҳол дар 14 гурӯҳ 333 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 14 нафар мураббия ва 14 нафар ёрдамчии мураббия ба тарбияи онҳо машғуланд.

Дар муассисаи таҳсилоти томактабии №112 айни ҳол дар 12 гурӯҳ 341 тарбиятгиранда фаро гирифта шудааст, ки нисбат ба замимаи Иҷозатномаи пербурди фаъолияти таълимӣ 26 нафар зиёд мебошад.

Дар муассисаи таҳсилоти томактабии №118 низ 70 нафар тарбиятгиранда аз меъёр зиёд фаро гирифта шудааст, ки дар гурӯҳҳо кӯдакон аз 38-40 нафарро ташкил медиҳанд. Дар ин муассиса фаъолияти ҳамшираи шафқат Лола Саидова ба таври назаррас буд. Аз суҳбат бо тарбиятгирандагон ва мураббияҳо маълум гардид, ки номбурда барои нигоҳ доштани вазъи саломатии тарбиятгирандагон талоши бештар варзида, ба риояи реҷаи кории муассиса ва назорати ҳолати равонии кӯдакон таваҷҷуҳ менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки дар дохили бинои муассисаи мазкур муассисаи таҳсилоти ибтидоии №83 бо фарогирии 401 хонанда ҷойгир мебошад.Дар умум, дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии болозикр ягона камбудии ҷиддии ба мушоҳида расида тибқи талабот набудани ҳолати санитарию гигиенӣ дар дохили муассисаҳо ва доир нагардидани шанбегиҳо дар атрофи муассисаҳо буд.

Дар идома, вазири маориф ва илм аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 дидан намуд. Зимни боздид маълум гардид, ки то ҳол корҳои таъмирӣ дар қисмати берунии биноҳо идома дорад. Ин дар ҳолест, ки бояд таъмири муассисаҳо дар давраи таътили хонандагон ба анҷом расонида шуда, бо оғоз ёфтани соли таҳсил муассисаҳо пурра омода мешуданд.Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66 маълум гардид, ки дар синфҳо хонандагон аз меъёр зиёд буда, на ҳамаи хонандагон бо китобҳои дарсӣ таъминанд. Аз ҷумла, дар синфи синфи 8ж хонандагон ишора ба номгӯи китобҳои дарсие карданд, ки дар таъмини онҳо ягон мушкилот мавҷуд нест ва Вазорати маориф ва илм тибқи дархости шуъбаи маориф теъдоди зарурии китобҳоро дастрас намудааст. Ин дар ҳолест, ки дар тамоми ҷаласаҳои назоратию мушовараҳо роҳбарияти вазорат таъкид медоранд, ки таъмини саривақтии хонандагон бо китобҳои дарсӣ бояд дар мадди аввал бошад.Аз ҷониби вазири маориф ва илм ба роҳбарони муассисаҳои таълимии болозикр ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино дастур дода шуд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои дахлдор андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ба Вазорати маориф ва илм маълумот пешниҳод намояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *