Дар Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдоди назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ҷаласаи назоратии назди сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияҳои пойтахт ва сармутахассиси Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart City)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Комилзода Дилноза баргузор шуд. Дар маҷлиси назоратӣ масъалаҳои таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, дар сатҳи баланди омодагӣ гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, фаъолияти самараноки ҳаракати олимпӣ дар ноҳияҳои пойтахт ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасию муҳокима қарор дода шуд.Ба мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастур дода шуд, ки дар муассисаҳои таълимӣ шиору овезаҳои мувофиқ ба мазмуну моҳияи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро насб намуда, бо иштироки тарбиягирандагону хонандагон маҳфилҳо ва озмунҳои маърифатӣ дар мавзуи “Конститутсия-сарчашмаи таъмини адолат”-ро ташкилу баргузор намоянд.Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ҷорӣ намудани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини мунтазами ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо оила ва аҳли ҷомеа дар ин замина баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ба шаҳрвандон бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе “Барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ” амалӣ гашта истодааст.Барномаи мазкур, шуруъ аз соли таҳсили нави таҳсили 2022-2023 дар 105 муассисаи таълимии пойтахт пурра роҳандозӣ карда шуда, татбиқи барномаи электронии “eDonish” яке аз воситаҳои муассир барои таҳким ва таъмини устувории робитаи оила бо муассисаҳои таълимӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, барнома дорои унсурҳои мухталифи иттилоотӣ, аз ҷумла журнал ва рӯзномаи электронӣ, ҷадвали дарсҳои асосӣ ва иловагӣ, назорати давомоти хонандагон ва мониторинги сатҳи дониши хонандагон аз фанҳои таълимӣ мебошад.Баҳри татбиқи барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таълимӣ пурра шабакаи ягонаи иттилооти маҳаллӣ бунёд карда шуда, ҳар як синфхонаи таълимӣ ба шабакаи Интернет пайваст гардид. Ин имкон фароҳам овардааст, ки синфхонаҳои таълимӣ бо компютерҳои муосир таъмин карда шуда, ҳар омӯзгор бевосита бо мақсадҳои таълимӣ аз шабакаи Интернет васеъ истифода намояд.Бо мақсади огоҳонӣ аз омаду рафти хонандагон камераҳои назоратии “Face ID” бо хусусияти шиносоии қиёфа насб карда шудааст, ки аз рӯи расмҳои пешакӣ ба система воридкардашуда чеҳра ба таври худкор шиносоӣ гардида, лаҳзаи ба муассисаи таълимӣ ворид гардидану аз он баромадани ҳар як хонандаро сабт шуда, паёмак мефиристода мешавад.Дар рафти ҷаласа вобаста ба самаранок татбиқ гаштани барномаи электронии “eDonish” ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
ХАБАРҲО
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи КӯшониёнИфтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи КӯшониёнҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»