Шуруъ аз 1 ноябри соли 2022 бо мақсади баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба илмомӯзӣ, ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон ва муайян намудани хонандагони болаёқат, даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино оғоз гардид. Олимпиада аз санаи 1 то 5 ноябри соли 2022 баргузор гардида, шумораи умумии иштирокчиён дар Олимпиадаи мазкур 7892 нафарро ташкил медиҳад. Хонандагон аз синфи 5 то синфи 11 аз рӯйи 13 фанни таълимӣ қувваи зеҳнии худро месанҷанд. Даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиада аз фанни “Технологияи иттилоотӣ” барои (синфҳои 5-6, 7-8, 9, 10, 11) дар Муассисаи таълимии давлатии “Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе” баргузор шуда истодааст. Аксҳо аз рафти баргузории Олимпиадаи мазкур.
ХАБАРҲО
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи КӯшониёнИфтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи КӯшониёнҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»