Истифодаи самараноки давраи таътилДар Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе баргузории 9 машғулияти омӯзишӣ барои омӯзгорон дар давраи таътили тирамоҳӣ ба нақша гирифта шудааст.Боиси қайд аст, ки ҳадаф аз баргузории машғулиятҳои омӯзишӣ такмили пайвастаи ихтисос ва касбияти омӯзгорон буда, барои гузаронидани онҳо мутахассисони соҳа ҷалб мешаванд.Бо ҳамин мақсад, дар доираи Нақшаи баргузории машғулиятҳои омӯзишӣ барои омӯзгорон дар давраи таътили тирамоҳӣ дар рӯзи аввали таътил семинар оид ба коргузорӣ ва таҳия, барасмиятдарорӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳо гузаронида шуд.Семинари мазкурро роҳбари Маркази рушди касбияти Гимназия Нурулло Ғафуриён баргузор намуда, дар зарфи 4 соат дар бораи зиёда аз 15 номгӯи ҳуҷҷатҳо (ариза, дархост, мактуб, гузориш, ҳисобот, фармоиш, протокол, маълумотнома, санад…) ва ҳуҷҷатҳое, ки омӯзгорон ҳамарӯза сарукор доранд (нақшаи тақвимӣ, нақшаи яксоатаи дарс…) маълумот дод.Дар натиҷа омӯзгорон саркарда аз оддитарин қоидаҳои коргузорӣ (рамка, шрифт, фосила) то тартиби бойгоникунонӣ ва нест кардани ҳуҷҷатҳоро аз худ карданд.Дар ҷамъбаст иштирокчиён ба лектор ибрози сипос намуда, баргузории ҳарчи бештари чунин машғулиятҳоро ба суди кор унвон карданд.
ХАБАРҲО
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи КӯшониёнИфтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи КӯшониёнҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»