Рӯзи дуюми даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннӣ (синфҳои 5-6, 7-8, 9, 10, 11), аз фанҳои “Забон ва адабиёти рус”, “Забони давлатӣ”, “Асосҳои давлат ва ҳуқуқ” ва “Таърих” дар МТМУ №101 баргузор гардид, ки дар он 1325-нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия сабқати донишу заковат намуданд. Ҳадаф аз баргузории олимпиадаи мазкур бедор намудани шавқу ҳаваси хонандагон ба омўзиши амиқи фанҳои таълимӣ, дарёфти хонандагони болаёқат ва рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии онҳо, ташвиқи хонандагони боистеъдод, ташаккули тафаккури илмӣ ва мантиқии хонандагон, ҷалби хонандагон ба олимпиадаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Хотиррасон менамоем, ки даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиада аз фанни “Технологияи иттилоотӣ” барои (синфҳои 5-6, 7-8, 9, 10, 11), дар Муассисаи таълимии давлатии “Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе” баргузор шуда истодааст.
Аксҳо аз рафти баргузории Олимпиада.