АНҶОМИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННИИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ СИНО

Рӯзи охири даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаи фаннӣ (синфҳои 5-6, 7-8, 9, 10, 11) аз фанни “Физика”, “Химия” ва “Технологияи иттилоотӣ” дар МТМУ №101 ва дар Муассисаи таълимии давлатии “Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе” баргузор гардид, ки дар он 1309-нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия сабқати донишу заковат намуданд. Қобили зикр аст, ки дар асоси фармоиши дахлдори мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино шуруъ аз 1 то 5 ноябри соли 2022 даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино ташкил ва баргузор гардид. Дар умум дар олимпиадаи мазкур зиёда аз 7900 нафар хонандагон байни худ аз рӯи 13 фанни таълимӣ иштирок ва сабқат намуданд.Натиҷаи олимпиада баъди санҷиши дақиқи аъзоёни ҳакамон дар сомонаи Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и ноҳияи Сино ва худи макони баргузории олимпиада, яъне МТМУ №101 гузошта мешавад. Аксҳо аз рафти баргузории олимпиада.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *