Бисту ҳашт сол муқаддам дар кишвари мо Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид, ки мо ин рӯзи воқеан таърихиро ҳар сол бо доир намудани чорабиниҳои бошукуҳ сазовор таҷлил мекунем.Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳилаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Барнома ва Дурнамои давлатдорӣ – асосҳои сохти конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташкили фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроя ва судӣ, шакли идоракунии давлатии Тоҷикистонро муқаррар ва муайян кардааст, ки он кафили рушди ҷомеаи адолатпарвар ва волоияти қонун мебошад.Конститутсия чун шиносномаи миллату давлат, Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо номи давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона ба расмият дароварда ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.Конститутсия пойдевори устувори давлат буда, дар худ арзишҳои пазируфтаи умумиинсонӣ, асосҳои барҷастаи бунёдӣ ва сохтории давлатдориро возеҳу равшан таҷассум намуда, баландтарин арзиши мардуми башар ин шинохтаи озодии инсону истиқлоли ӯст, ки дар Конститутсияи давлати мо пурҷило инъикос ёфтааст.Конститутсия соҳибихтиёрии халқи тоҷикро аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмият дароварда, ҳуқуқбунёдӣ ва демократия бошад ҷавҳар ва мақсади ниҳоии чунин давлат аст.Аз ин рў, ҳуқуқ, қонун ва пеш аз ҳама Қонуни асосии мамлакат, ки манбаи ҳуқуқ ва ҳуқуқэҷодкунӣ ба шумор меравад, бояд бе чунучаро волоият дошта, ин волоият риоя, таъмин ва ҳифз карданро тақозо менамояд.Конститутсия ҳамчун шиносномаи давлат раҳнамои тараққиёти муносибати соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ буда, дорои хусусиятҳои барномавӣ, эъломиявӣ ва таъсискунӣ мебошад. Мутобиқи дебочаи он бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додани халқи Тоҷикистон аз хусусияти барномавӣ доштани Конститутсия шаҳодат медиҳад.Арзиши баланди ин ҳуҷҷат дар моҳияти сиёсию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, давлатию ҳуқуқӣ, таърихию анъанавӣ ва миллӣ доштани он зоҳир мегардад. Яке аз моҳиятҳои сиёсию ҳуқуқии Конститутсия ин арзиши Олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он мебошад.Яъне ба афзалияти ҳифзи ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳи хоса дода, масъулияти давлат дар назди шаҳрванд қонунан мустаҳкам мегардад, ки ҳуқуқу озодињои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.Эҳтироми Конститутсия вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд буда, руҳияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва номуси ватанпарастии ҳар як шаҳрванд нахуст дар эҳтироми шахс ба Конститутсия муайян карда мешавад.Зеро туфайли ҳамин санади муқаддас ба фардои дурахшони Тоҷикистон асос гузошта шудааст.Воқеан, дар ҷомеаи суннатӣ, ки асрҳо бо анъаноти вижа шакл гирифтааст, таъмини низоми одилона ва устувор дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ татбиқ мешаванд.Чунин низомро маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми як санади асосӣ бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисолати воқеии худ қарор дода, тамоми самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро зери ҳимоя гирифтааст.Қонун «Дар бораи маориф» ифодагари моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқи шаҳрвандонро дар худ ва дигар санадҳои зерқонунӣ таҷассум намудааст. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ», «Дар бораи адабиёти таълимӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҳамчунин чандин санадҳои зерқонунии дигари дар шакли стратегияву барнома ва консепсияву низомномаҳо қабулгардида, раванди таълиму тарбияро дар тамоми зинаҳои таълимӣ ба танзим дароварда, ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ба таҳсил таъмин менамоянд.Муҳимтар аз ҳама, роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат, ҳамчун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз менамояд. Бо эътимод метавон гуфт, ки 28 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.Мо дар даврони истиқлол бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ба шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия зери партави сиёсати хирадмандона ва талошу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсию ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст.Аз ин рӯ, бо эҳтироми хоса тамоми ҳамватанони азизамонро ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба хонадони ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон иқболу хушбахтӣ ва файзу осудагиро орзу мекунам.Бигзор Конститутсия абадан чароғи роҳнамо ва муайянкунандаи самти роҳи пешгирифтаи давлату миллат ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон бошад!
28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!