ДАСТОВАРДИ БЕҲТАРИН 95 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ:ҒОЛИБИЯТИ ДАСТАИ ОЛИМПИИ ПОЙТАХТ ДАР 14-УМИН ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ “ДОНИШ ДАР АНТАЛИЯ”

Аз 31-уми октябр то 6-уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия 14-умин Олимпиадаи байналмилалии “Дониш дар Анталия” байни хонандагони синфҳои 2-11 аз фанҳои математика, забони русӣ, забони англисӣ, география, физика, химия, биология, таърихи ҷаҳон, муҳити атроф, сайёҳӣ ва шоҳмот ташкил ва баргузор гардид.Дар олимпиадаи мазкур 1200 нафар иштирокчӣ аз давлатҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва ғайра байни ҳам сабқат намуданд. Мавриди ёдоварист, ки дар олимпиадаи мазкур 195 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ширкат варзида, аз он 95 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ин шумора 20 нафар сазовори ҷойи 1, 28 нафар сазовори ҷойи 2 ва 47 нафар сазовори ҷойи 3 гардиданд. Ғолибону иштирокчиёни олимпиадаи байналмилалиро дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе роҳбарияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва наздикону пайвандонашон бо як самимияти хоса истиқбол намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *