БА ДАРС БЕ КИТОБУ ДАФТАР? Вазири маориф ва илм аз волидайн даъват намуд, ки ҷузвдони фарзандонашонро аз назар гузаронанд

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз падару модари хонандагоне, ки дар дарсҳо бе китобу дафтар ҳозир мешаванд, даъват намуд, ки пеш аз ба дарс рафтан ҷузвдони фарзандони худро аз назар гузаронанд.

Зеро ба гуфтаи ӯ, «ҳолатҳои зиёде ба назар мерасанд, ки хонандагон бе китобу дафтар ва лавозимоти хониш ба мактаб меоянд. Дар ҳоле, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илм барои таъминоти хонандагон бо китобҳои дарсӣ тамоми имконият фароҳам оварда шудааст».

Тавре иттилоъ дода шуд, дар шашмоҳаи аввали соли 2023 раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо 89 номгӯй китоби дарсӣ ба миқдори 3 млн 475 ҳазору 750 нусха таъмин шуданд, ки ин 51 фоизи дархости шаҳру ноҳияҳои мамлакатро ташкил медиҳад.

Дар айни ҳол дар ширкатҳои ватанӣ 82 номгӯй китобҳои дарсӣ ба миқдори 3 млн 167 ҳазор дар ҳоли нашр қарор доранд, ки то оғози соли таҳсил ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ирсол  мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *