БАР ЗИДДИ ОМИЛҲОИ НОМАТЛУБИ КОРРУПСИОНӢ ЯКҶОЯ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!!!

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102 ноҳияи Шоҳмансур вохӯрии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе бо намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар вохӯрӣ сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, сардори шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, подполники адлия Турсунзода Шодком Худоймурод, кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки коррупсия яке аз мушкилотҳои вазнини замони муосир ба ҳисоб меравад. Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: “Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”.Коррупсия — яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи рушди умумумиллӣ, пешрафти иқтисод, беҳбудии иҷтимоӣ, татбиқи муваффақонаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон маҳсуб ёфта, боварии шаҳрвандонро ба давлат, ояндаи нек коста сохта, табақаҳои камбизоати аҳолиро аз имкони комёб шудан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ маҳрум мекунад.Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти давлатиро барои ошкор, пешгирӣ ва бартараф кардани сабабу шароити ба омилҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои коррупсионӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти кишвар дар бар мегирад.Пешгирии коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ мебошад, ки дар доираи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақша-чорабиниҳои амалисозии он пеш бурда мешавад.Дар ин самт Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баҳри амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақша-чорабиниҳои амалисозии он як қатор корҳоро ба сомон расонид.Дар асоси нақшаи кории дохилиидоравии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикоррупсионӣ, муборизаи оштинопазир бо ин падидаи номатлуб ва таъмини иштироки васеъи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии амалҳои коррупсионӣ, силсилаи вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки падару модарон, омӯзгорону мураббиён ва хонандагон пайваста доир мегардад.Аз ҷумла, аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе корҳои тарғиботиро вусъат бахшида, дар давраи сипаригардидаи соли 2022 дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки зиёда аз 140 ҳазор падару модарон, мураббиёну омӯзгорон ва хонандагон суҳбату вохӯрӣ дар мавзӯъҳои чораҳои пешгирии омилҳои ришваситонӣ, баланд бардоштани нуфуз ва одоби хизматчиёни давлатӣ ва дигар тадбирҳои пешгирии қонуншикании коррупсионӣ гузарониданд. Зимнан ҷиҳати баланд бардоштани дониши ҳуқуқии иштирокдорони вохӯриҳо мазмун ва моҳияти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақша-чорабиниҳои амалисозии он фаҳмонида шуд.Ҳамчунин, дар ин давра оид ба мавзӯъҳои «Коррупсия – зуҳуроти пасткунандаи боварии мардум ба давлат», «Муқовимат бо коррупсия вазифаи ҳар як фарди ҷомеа аст», «Мубориза бо коррупсия кори дастҷамъист», «Нест бод коррупсия!», «Мубориза ба муқобили коррупсия вазифаи тамоми аҳли ҷомеа мебошад» дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ мақолаҳо ва маводҳои ташвиқотӣ нашр гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *