Таҳти ҳамин унвон 15 ноябри соли 2022 дар доираи нақшаи чорабиниҳои якҷоя бо иштироки сардори Хадамоти пешгирии ҷинояткории ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе полковники милитсия А.Шоҳиён, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе А.Бобозода, сардори маркази матбуотии ШБД РВКД дар шаҳри Душанбе майори милитсия М.Саидов, нозири шуъбаи ташвиқоту тарғиботии ШБД РВКД дар шаҳри Душанбе майори милитсия С.Шарипов бо ҳайати омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вобаста ба масоили марбут ба ҳамкориҳои тарафайни мақомоти ҳифзи ҳуқуқу маориф ва оила баргузор гардид.Баромадкунандагон, атрофи масоили пешгирии ҳолатҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муноқишаҳои байнимактабӣ, авбошии ноболиғон ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ноболиғон ибрози андеша намуданд.Инчунин, оид ба машғул шудан ба варзиш, бурдани тарзи ҳаёти солим, донишомӯзиву хониши намунавӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан ва дурӣ ҷӯстан аз рафиқону ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ суханрониҳо карда шуда, наврасонро бо омӯзиши илму маърифат ва рафтору гуфтори намунавӣ ҳидоят намуданд.Ҳамзамон, баромадкунандагон аз содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳову қонуншиканӣ ва дигар амалҳои ношоиставу оқибатҳои ногувори он, садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ноболиғон мисолҳо оварда, аз дастоварду натиҷаҳо, рушду тараққиёт ва ободу зебо гаштани Ватани азизамон ёдоварӣ намуда, махсус қайд намуд, ки вазифаи аввалиндараҷаи шумо наврасону хонандагон ин таҳсили аъло ва рафтори шоистаи таҳсин мебошад.
Қайд кардан зарур аст, ки чунин вохӯриву сӯҳбатҳои муфид дар дигар муассисаҳои таълимии пойтахт, низ ба нақша гирифта шудаанд.