ТАБРИКОТИ ИСМОИЛЗОДА БАҲРОМ МАНСУР – САРДОРИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!

Имрўзҳо бо шукргузорӣ аз оромию осудагии кишвари азизамон Тоҷикистон, ҳар фарди тоҷик самараи заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хубӣ эҳсос менамоянд. Дар заминаи хушку холӣ ташкили ҳокимият, қабули Конститутсияи миллӣ, таъсиси артиши миллӣ, ба муомилот баровардани пули миллӣ, барқарор намудани шохаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба Ватан баргардонидани гурезагон, аз байн бурдани гуруснагӣ, барқарор намудани сулҳ, бо ҳам пайвастани минтақаҳои солҳо аз ҳам ҷудо, бунёди шоҳроҳҳо, сохтумони неругоҳҳо, барқарор намудани робита бо кишварҳои хориҷӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, бунёди донишгоҳу донишкадаҳои мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, роҳу нақлиёт ва иҷтимоиёт кори саҳл набуда, ҳамаи ин дастовардҳои биҳиштӣ аз хидмати бузург ва нотакрори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, боиси ифтихор мебошад.Бояд қайд намоям, ки дар паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мактабу маориф таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, рушди он дар меҳвари сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии Президенти кишвар қарор дошта, ҳамеша таъкид менамоянд, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Маҳз мактабу маориф, мутахассисони баландихтисос метавонанд рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии мамлакатро таъмин намояд. Аз вазъи мактабу маориф, донишу саводи мардум на танҳо ташаккули мутахассисони аз лиҳози сиёсӣ босавод, худшиносу худогоҳ, балки сарнавишти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, ояндаи он вобастагии калон дорад.Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо кормандони соҳаи маориф, ки 22 декабри соли 2005 баргузор гашта буд, чунин изҳор намудаанд: “Маориф омили муҳимтарини ҳастии давлат ва наҷоти миллат аст. Мо соҳаи маорифро самти асосӣ ва стратегии сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон намудем”.Ҳамзамон, дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии олам талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтӣ буданд.Ҳамин тавр, хизмати таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳз ў ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудшавии давлатро гирифта, оташи ҷанги дохилиро хомўш намуд. Сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохт, артиши миллӣ ва нерўҳои посбони сарҳадро таъсис дода, заминаи сулҳи миллиро матраҳ намуда, заминаи устувори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт.Барои ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа заминаҳои ҳуқуқию сиёсиро фароҳам сохт, сулҳи тоҷиконро ба даст овард, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст.Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон баҳри истиқрори арзишҳои Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи кишвар фаъолият намуда, баҳри пойдорӣ ва оромии ҷомеа кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ карда истодаанд. Маҳз Ваҳдати миллӣ тамоми қишрҳои парокандаи Тоҷикистонро пас аз солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳам оварда муттаҳид намуд.Ҳар як порчаи Ватан, ҳар як хору хаси он баҳри тоҷикистониён муқаддас гардидааст ва имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик аз ин арзиши гаронбаҳо самара мебаранд.Ҳамватанони азиз, бори дигар Шуморо ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо файзу осудагиро орзу менамоям.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳаммеҳанони азиз!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *