НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ТОҶИКОН

Дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 ва дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон зери таъсири баъзе неруҳои харобиовари дохилию берунӣ ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси талафоти зиёди инсонӣ, хисороти беандозаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гардид, тамоми ниҳодҳо ва пояҳои бунёдкориро фалаҷ карда, сабабгори дар тамоми манотиқи кишвар ба вуҷуд омаданӣ бесарусомонӣ ва бенизомӣ гардад.Дар чунин шароити душвори сиёсӣ, 16 ноябри соли 1992 баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки яке аз санаҳои таърихӣ ва наҷотбахш барои мардуми шарифи тоҷик ва дар таърихи тоҷикон нақши барҷастае дорад.Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақдири минбаъдаи давлат ва истиқлолият қувваҳои солими ҷомеаро ба мубориза барои ҳифз ва ҳимоя намудани манфиатҳои ягонаи давлату миллат ва пойдор намудани адолату қонуният даъват намуд. Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи воқеии таҳкими сохти конститутсионӣ, ҳокимияти давлатӣ, истиқлолияти миллӣ, муайян намудани самтҳои рушди ҷомеа дар солҳои наздик ва идомаи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд гардид. Дар он 74 қарор, қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардид, ки дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва рушди институтҳои демократӣ дар Тоҷикистон аҳамияти ҳалкунанда гардиданд. Таҳлили ин ҳуҷҷатҳо нишон медиҳад, ки онҳо чунин меъёрҳои мушаххасеро дар бар гирифтаанд, ки ба берун рафтани кишвар аз ин буҳрон, пешравии он дар роҳи рушди муосир, ба сўи давлатдории демократӣ, ҳуқуқӣ ва дунявӣ, ки ба принсипи тақсимоти ҳокимият асос ёфта буд, мусоидат намуданд. Вазифаи асосии иҷлосия аз он иборат буд, ки хунрезиро бас карда, дар кишвар роҳбари қодир ба идораи давлат интихоб карда шавад.Дар бораи аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии халқи тоҷик, ҳамчун марҳалаи нави ташаккули фарҳанги сиёсии он сухан ронда, бояд нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахусус дар татбиқи он қарорҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар иҷлосияи мазкур қабул гардидаанд, зикр кард. Хислатҳои баланди инсонии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, самимияти ӯ, ҳисси баланди ризоият дар назди халқу Ватан, садоқат ба кор, тавоноии ҳамфикрӣ бо рақибони сиёсӣ ба ӯ имкон доданд, ки зуд ба шахсияти маъруф табдил ёбад ва аз нуфузу эҳтироми бузург бархурдор шавад.Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ин сифатҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун як шахсияти сиёсӣ тавсиф карда, имкон дод, ки бо такя ба дастгирии васеи мардум, ғамхорӣ ба ҳифзи манфиатҳои кишвар, риояи меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ санад ва қарорҳои Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тадриҷан татбиқ намояд. Ба шарофати заҳматҳою талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанги бародаркушӣ, дарбадарии мардуми гуреза қатъ гардида, гурезагон ба макони зисти худ баргаштанд, таҳдиди барҳамхӯрии давлати тоҷикон аз байн рафт. Ғояи сулҳу ваҳдати миллӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат ба миён гузошта шуда буд, аз ҷониби тамоми халқу миллатҳои муқими ҷумҳурии мо ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт. Таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Далели мазкур дар амалияи ҷаҳонӣ ба ҳайси падидаи нодир шинохта шуд. Дар ин бораКофи АННАН, собиқ Дабири Кулли СММ зикр намудааст, ки “Президенти Тоҷикистон намунаи шоистаи аз шаклҳои хушунатомези ҳалли низоъҳои дохилӣ даст кашиданро нишон дод” ё дар ҷои дигар қайд намудаанд, ки “Тоҷикистон барои бисёр кишварҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи эҷоди сулҳ мебошад”.Тавре рӯйдодҳои минбаъдаи таърихӣ нишон доданд, интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сарвари давлат дар ҳифзи давлатдории тоҷикон ва муттаҳидшавии халқи тоҷик нақши муҳим бозид. Дар ин баробар, бунёди давлати нав ба арзишҳои ҷаҳонӣ – эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, асосҳои демократии давлат, қонун ва адолат асос ёфтааст.Ба роҳбарияти мамлакат дар як муддати кутоҳ барқарор намудани ҳокимияти маҳаллӣ, ташкили тартиботи қонунӣ, танзими фаъолияти вазорату идораҳо ва ниҳодҳои давлатии кишвар муяссар гардид. Мардум ба ҳукумат зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, устувории он ва қобилияти таъмини амнияти ҷамъиятӣ эътимод пайдо карданд.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи ташаббуси бузурги ҷаҳонӣ, аз қабили эълон гардидани “Соли байналмилалии оби тоза — 2003”, “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005-2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об — 2013” ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор — 2018-2028», ба ҳисоб рафта ва дар ин замина аз минбари баланди созмонҳои байналмилалӣ аз қабили СММ ҷомеаи ҷаҳониро барои пешгирӣ ва мубориза ба хатарҳои терроризму экстремизм даъват менамоянд.Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом додааст: роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт, хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд, тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакат, инчунин мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян намуд, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба рушди он замина гузошт.

Исмоилзода Баҳром Мансур-сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *