ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ

Ҷашни Наврӯз барои мо – тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Наврӯз ҳамчун бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиш ҳамчун рамзи сари сол, яъне айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими кишту кор, ибтидои корҳои саҳроӣ ва фаъолияти кишоварзон ҷашн гирифта мешавад. Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст.

Инчунин дар ҷаҳонбинии ниёгони мо Наврӯз таҷассуми пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ ва хубӣ бар бадӣ мебошад. Мо тоҷикон –ҷашни Наврӯзро чун суннати муқаддаси аҷдодӣ ва оини шоистаи ниёгони куҳан, ки ифодакунандаи ҷавонию зебоӣ, эҳёи зиндагиву табиат, пойдории адлу инсоф, ваҳдату ягонагӣ ва бародарист, гиромӣ медорем. Бо ин ҷашн, ки пайванди маънавии моро ба гузаштаи пурифтихори таърихиамон таъмин ва ошно мекунад ва ба худшиносии ҳарчи бештари миллӣ мусоидат менамояд, ифтихор дорем.

Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон Эмомалӣ Раҳмон, ки фармудаанд: “Ҷашни Наврӯз зодаи хирад, андеша, ҷаҳонбинӣ, тафаккури бузурги гузаштагони мост ва маҳз ҳамин хусусиятҳои ахлоқию фалсафиро ҷомеаи мо, ки имрӯз аз ҳарвақта дида бештар ба онҳо ниёзманд аст, дар ниҳоди худ дорад”. Боиси ифтихори бузургу сарбаландии мо тоҷикон аст, ки 23 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64 –уми Маҷмаи кулли Созмони Милалӣ Муттаҳид дар доираи банди 69 –и рӯзномаи он таҳти унвони “Фарҳанги ҷаҳонӣ”, “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” қатънома қабул шуд. Лоиҳаи қатъномаро ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамроҳии намояндагони Озарбойҷон, Афғонистон, Қирғизистон, Эрон, Ҳиндустон, Мақдуния, Албания, Туркманистон ва Туркия омода намуда ва ба Маҷмаи кулли Созмони Милалӣ Муттаҳид пешниҳод намуданд. Аз тарафи Маҷмаи кулли Созмони Милалӣ Муттаҳид 21 март –Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф гардид. Аз он рӯз пас дигар ҳар сол Наврӯз расман ҳамчун иди бузургу мӯҳташами ҷаҳонӣ ҷашн гирифта мешавад.

Пас имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки ин ҷашни аҷдодиаморо пос дорем, арҷ гузорем ва ба ин васила сиёсати хирадмандона ва фарҳанг парваронаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро, ки асосаш барои сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ва тақвияти худшиносии миллӣ равона гардидааст, дастгири намоем.

Базми гул дар чамани Навруз аст,

Савти гул-гул фикани Навруз аст.

То фалак сухани Наврӯз аст,

Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.

Ба муродаш ҳама дил дода расад,

Ба ҳама бахти худода расад.

Ҳама дар анчумани Наврӯз аст,

Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.

Каримов Равшан Азамович

Директори Муассисаи таълимии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *