Дар шаҳри Душанбе бо мақсади омода намудани кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф аз ҳисоби кормандони фаъоли соҳа, махсусан занон ва ҷавонони болаёқат ва таъмини ҳайати захираи кадрӣ дар самти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар заминаи «Мактаби маҳорати педагогӣ» даври омӯзишии «Менеҷменти роҳбарӣ» ба роҳ монда шуд. Даври омӯзишӣ 3 июл оғоз гардида, то 22 июл идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Давоми 18 рӯз барои шунавандагон олимону мутахассисон ва коршиносони варзидаи соҳаи маориф, педагогикаву психологияи касбӣ ва менеҷменти молиявӣ дар доираи 108 соати таълимӣ машғулияти омӯзишӣ мегузаронанд.
Дар фарҷоми давр ба хатмкунандагон шаҳодатномаи хатми даври такмили ихтисос супорида мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки курси омӯзишӣ ба тариқи онлайн тавассути барномаи Google Meet пахш мегардад.