«ОМӮЗГОРИ СОЛ-2023». Муаллими Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ғолиби даври шаҳрии озмун гардид

Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Сиротулло Зоиров дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2023» ғолиб дониста шуд. Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  хабар доданд.

Сиротулло Зоиров номзади илмҳои педагогӣ, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, сазовори ҷойи дуюм дар даври ҷумҳуриявии озмуни  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи номинатсияи «Хондан ва аз ёд намудани осори адибони классик» мебошад.

Ҳайати ҳакамони озмун дар дарсҳои намунавии довталабон аз рӯи ихтисос иштирок намуданд. Ҳамзамон довталабон таҷрибаи кории худро муаррифӣ намуданд.

Сиротулло Зоиров фаъолияти хуби корӣ дошта, 10 шогирдаш дар даври ноҳиявӣ (4 медали тилло, 4 медали нуқра, 2 медали биринҷӣ), даври шаҳрӣ (1 медали тилло, 4 медали нуқра, 5 медали биринҷӣ) ва дар даври ҷумҳуриявӣ (2 медали тилло, 1 медали нуқра, 5 медали биринҷӣ)-и олимпиадаҳои фаннӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд.

Мавсуф шахси ҷӯяндаву илмдӯст буда, пайваста ба корҳои эҷодӣ машғул аст. То инҷониб муаллифи 3 дастури методӣ: «Мавзуъҳои коркардшуда барои соатҳои тарбиявӣ», «Ҳувият», «Боргоҳи маърифат», 1 маҷмуаи шеърҳои «Номаи нахустин» ва 36 мақола мебошад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *