РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ МАОРИФИ ДУШАНБЕ. Бо мақсади табодули таҷриба гурӯҳи корӣ ба Тошканд сафар намуд

Дар доираи шартномаи ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд ҷиҳати гузариш ба рақамикунонии пурраи соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ҳайати 22-нафараи аҳли маорифи пойтахт ба шаҳри Тошканд сафар намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ба ҳайати гурӯҳи корӣ, ки бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сафар намудааст, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, директори Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ва мутахассисону директорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки дар татбиқи барномаи «eDonish» фаъолияти назаррас доранд, шомил мебошанд.

Сафари гурӯҳ аз 18 то 22 сентябр идома ёфта, зимни он ҳайати корӣ бо имконияту шароити муассисаҳои таълимӣ ва соҳаи маорифи Тошканд шинос мешаванд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *