Имрӯз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як неруи тавонои сиёсӣ табдил ёфтааст.
Эмомалӣ РАҲМОН
Инак, 10-уми декабр аз замони таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 29 сол сипарӣ мегардад. Таҷлили Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар радифи ҷашнҳои сарнавиштсози таърихии миллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пайки хушу гуворо аст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар даврони ҳассоси таърих бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби мо, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сарҷамъ намудани афроди миллатдӯсту ватанпарвар дар замони муборизаҳои шадиди неруҳои манфиатхоҳи дохилию хориҷӣ нақши худро гузошта, тавонист обрӯю эътибори тоҷиконро баланд бардорад ва Тоҷикистони биҳиштосои моро дар ақсои ҷаҳон ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.
Мо ҳамагон хуб медонем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар замоне, ки мамлакат дар ҳолати вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор дошт, бо сарварии Абармарди арсаи сиёсат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷрои сиёсат ворид шуд.
Дар оғози фаъаолияташ ҲХДТ марҳилаҳои душвору пурпечутобро паси сар намуда, исбот гардид, ки ҳизб дар симои Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ва Пешвои миллиро ёфт.
Аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон неруҳои созандаи миллиро дар ҷомеа ба ҳам пайваст ва якҷоя намуда, дар раванди истиқрори сулҳ, таъсиси сохторҳои давлатӣ,
Парлумони касбӣ, барқарорсозии вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа хизмати басо арзанда кардааст. Дар тарбияи аҳолӣ махсусан ҷавонон, баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ, дарки масъалаҳои гуногуни иҷтимои эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ саҳми назаррас ва муҳим гузошт.
Боиси қайди махсус аст, ки имрӯзҳо дар кишвари биҳиштосои мо бо фаъолияту корнамоиҳои нотакрори шабонарӯзии фарзонафарзанди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу суботи ҳамешагӣ, оромиву ваҳдати сартосарӣ ва ободонию созандагиҳои доимӣ пойдор аст.
Бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сиёсати ободонӣ, созандагию бунёдкоронаро пешаи кори худ намуда, бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани зисту зиндагонӣ ва некӯаҳолии мардум кӯшишҳои зиёд пайваста ба анҷом мерасонад. Дар такмил ва рушди муассисаҳои таълимӣ татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ташкил ва роҳандози намудани чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ мавқеи бориз доштааст.
Мақсади асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шароити кунунӣ дар меҳвари худ гирд овардани қувваҳои солимфикри ҷомеа мебошад, ки барои пешрафти давлат, таъмини ваҳдати миллӣ ва таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа саҳми боризи худро гузоранд. Вазифаи асосии ҲХДТ пешбурди корҳои идеологию сиёсӣ, нисбат ба таҳавуллоти сиёсӣ бепарво набудан дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандон ва солимфикр намудани наслҳои ояндасози ҷомеа мебошад.
Яке аз афзалиятҳову дастовардҳои асосии ҲХДТ дар он аст, ки бо дигар ҳизбҳо робитаву ҳамкори дар ҳадди эҳтиром ба роҳ монда, ҳамзамон мавқеи худро дар ҷомеа устувор нигоҳ медорад.
Зеро бо фаъолияти самими ҳисси қадрдони ва масъулияти баланд бо мардум дар робита қарор дорад.
Заминаҳои ташкилию техникии фаъолиятҳои сохторҳои ҳизбӣ беш аз пеш таъмину такмил гардида истода, дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ бо таҷҳизоту технологияҳои пешрафтаи итилоотии замони муосир мавриди истифода қарор мегиранд. Аз ҷумла, дар шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Данғара, Рӯдакӣ, Рӯшон, Шуғнон ва Ванҷ, ки дар маҷмӯъ ҳамаи ин шароитҳо барои роҳандозии нақшаҳои ҳизбӣ саҳми муассир мегузоранд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваста барои огоҳи ва пешгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандон ба сафи ташкилотҳои экстремистию терористӣ фаъолият намуда, ҳама гуна ҳаракатҳои ифротгароиву муноқишавиро маҳкум менамояд ва ҷонибдори пойдории сулҳу субот ва зиндагонии осоиштаи мардум мебошад. Дар таъмини амният ва осудагии мардум саҳми шоиста мегузорад.
Бигзор мактаби сиёсии мо ҳамеша пойдор бошаду мардуми шарафманди тоҷик сарбаланду хонаобод. Имрӯз мо бояд масъулияти худро ҳамчун аъзои ҳизб дарку эҳсос намуда, дар ҳама фаъолияту самтҳои рӯзмарра ҳамсафони асили ин шахсияти бузургу барҷаста бошем.
Боварию итминони комил дорем, ки ҳар як аъзои фаъоли ҲХДТ ва ҳар як шаҳрвандӣ шарафманди Тоҷикистон бо ҳиссу дарки амиқ ва масъулияти баланди хеш барои рушди ояндаи неки кишвари биҳиштосоямон кӯшиш ба харҷ дода, барои ободониву ояндаи неки он хидмати арзанда мекунад.
Саодат САНГОВА