Хонандаи синфи 8 «Б»-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №100-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Достиев Муҳаммад дар даври ҷумҳуриявии Мусобиқаи варзишӣ оид ба шоҳмот ва шашка барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» байни кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ғолибону ҷоизадорони даври вилоятӣ, шаҳрӣ ва минтақавӣ дар соли 2023 (байни писарони то 14 сола) аз рӯи намуди шашка ғолиб ва бо ҷоизаи пулӣ ва диплому медал қадрдонӣ гардид.


