1 феврал дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври сеюми корҳои иттилоърасонӣ оғоз гардид. Бо ин мақсад 39 корманди Марказ барои ташкилу баргузории вохӯриҳо аз 1 то 9 феврал ба 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ҷалб мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази миллии тестӣ.
Дар вохӯрие, ки дар Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 2‑и ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо иштироки 500 хатмкунандаи 8 муассисаи таълимии ин ноҳия ва волидону омӯзгорон доир гардид, дар он директори Маркази миллии тестӣ Сабзалӣ Ҷаъфарзода иштирок намуд.
Мавсуф ба довталабон муроҷиат намуда, баён дошт, ки бо ҳамаи ин шароите, ки Марказ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароятон муҳайё намудааст, шумо тамоми имкониятро баҳри донишҷӯ шудан доред.
«Омӯзед, барномаҳои таълимии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаро аз худ намоед, ба имтиҳонҳо хуб омода шавед ва танҳо ба донишу маҳорат ва лаёқати худ такя созед. Фирефтаи ашхоси қаллобу маккор нагардед, зеро дастгири шумо барои донишҷӯ ва соҳиби таҳсилоти миёна ё олии касбӣ шудан танҳо донишу кӯшишатон хоҳад буд»,- таъкид намуд директори Марказ.
Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси нақшаи кории Марказ барои шиносоӣ пайдо намудани довталабон ва алоқамандони дигари Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) аз низоми ин имтиҳонҳо моҳҳои феврал ва марти соли 2024 дар 3799 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби зиёда аз 150000 хатмкунандаи мактабҳо вохӯриҳо доир мешаванд.
Марказ дар ин давра ҳамчунин тақдиму дастрас намудани маводи иттилоотию методии марбут ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, аз ҷумла дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб», маҷмуаи саволу масъалаҳои тести қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) ва қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум)-ро ба муассисаҳои таълимӣ ба таври ройгон дар назар дорад.