«Авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад».
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2023 аз паёмҳои пешина хеле фарқ менамуд ва ин вобаста аз он таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳони имрӯза мебошад, ки Президенти ҷумҳурӣ дар паёмҳо доимо баланд бардоштани обрӯи илмро дар ҷомеа таъкид менамоянд. Дар Паёми соли 2023 низ ин нукта хеле хуб дарҷ шудааст, ки «рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.
Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Аз ҷумла дар Паём таъкид мешавад, ки «авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад».
Барои амалӣ намудани ин дастури Президенти мамлакат бояд мақоми омӯзгору донишандӯзӣ боз ҳам баланд шавад, зеро танҳо илм метавонад роҳи паҳн шудани ҳар гуна амалҳои зарароварро гирад. Дар асоси ин нуктаи муҳим, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ омадааст, ҳангоми ислоҳоти маориф зиёд намудани соати фанҳое, ки ҷаҳонбинии илмиро васеъ менамоянд, бояд ба назар гирифта шавад.
Президенти Тоҷикистон борҳо таъкид менамоянд, ки дар ҷаҳони имрӯза танҳо тавонистани хондану навиштан нишонаи босаводӣ нест. Ҳар ҷавони тоҷик бояд на камтар аз ду забонро донад ва технологияи компютериро аз худ намояд. Дар партави ин даъватҳо мо бояд насли ҷавонро босавод тарбия намоем. Саводи кофӣ бештар бо хондани китоб ба даст меояд. Танҳо бо ин роҳ мо метавонем дониши худро васеъ намоем. Ҳар падару модар ва тарбиятдиҳанда вазифадор аст, ки кӯдаки хурдсолро чунон тарбия намояд, ки хондани китобро дӯст дорад инчунин дар омӯхтани технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Инчунин дар муассисаҳои томактабӣ ба кӯдакони гурӯҳи миёна ва гурӯҳҳои калони томактабӣ ва омодаги ба мактаб ва мактабҳои таҳсилоти миёна аллакай хонандаро ба омӯхтани забонҳои русиву англисӣ ҷалб намоем, зеро агар мо хоҳем, ки ҷаҳонбинии кӯдаки хурдсолро аз муассисаҳои таълимии томактабӣ барои ояндаи дурахшон ва обутоби ақлонии онҳо дастгирӣ намоем, яке аз роҳҳои ташаккулёбии ҷаҳонбинии ва фикрронии мантиқии насли наврас ин омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад. Зеро шахси соҳибмаърифат ҳеҷ гоҳ аз дунболи ҳар гуна роҳҳои номатлуб намеравад. Як нуктаро бояд таъкид кард, ки дар ҳама давру замон омӯзиш ва касби дониш садоқату матонат талаб менамояд ва тай кардани роҳи илм роҳи осон нест. Дониш боиси васеъ шудани ҷаҳонбинӣ мегардад.
Имрӯз Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати ҳуқуқбунёди демокративу рушдёбанда бо қадамҳои устувор пеш меравад, ки заминаи он сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқи азизамон мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Паём даҳҳо пешниҳоду барномаву вазифаҳои муҳим барои рушди бунёдӣ ба миён гузошта шудаанд, ки агар ҳамаи онҳо амалӣ шаванд, сифати рушди кишвар ва вазъияти зиндагии мардум ба таври ҷиддӣ тағйир меёбад. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури созандагию бунёдкорӣ ба кулли сокинони мамлакат маҳсуб ёфта, амалигардонии саривақтии нишондодҳои ин ҳуҷҷати барномавӣ ба рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат хоҳад намуд ва мо имрӯз вазифадорем, ки дар самти татбиқи он тамоми нерӯ ва имконоти худро истифода барем.
Мудири Муассисаи давлатии таълимии томактабии
№112-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе «Маҷнунбед»,
Маҷидзода Орифа Ҷурабой